ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Аз 2 то 4 октябр дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво 6-9 дараҷа паст мешавад

Октябрь 1, 2021 08:52

ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1-2 октябр бо сабаби шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония дар баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ чангу ғубор шиддат мегирад, хабар доданд азАгентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Инчунин  2-4 октябр бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сард дар ҷумҳурӣ номусоидшавии вазъи ҳаво дар назар буда, ҳарорат то 6-9дараҷа паст мешавад. 3 октябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ боридани боронҳои шиддатнок пешгӯӣ мешавад. 3-4 октябр бо сабаби пастшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии ҷумҳурӣ шабона бориши борон ба барф мегузарад.

2 ва 3 октябр  дар  дар вилояти Хатлон, хусусан дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Данғара, Ёвон, Восеъ, Панҷ, Фархор, Дӯстӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ: Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Рӯдакӣ  бо сабабҳои омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ  ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани  ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера  аз моддаҳои муаллақ (чанг),  зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.

Аз ин рӯ ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз сайругашти бисёри рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ҷойҳои камшамол, минтақаҳое, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд. Инчунин ҳангоми корҳои саҳроӣ, сохтмонӣ ва сафар эҳтиёткор бошанд.  Вазъияти баамаломада ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва гирифторони бемориҳои диққи нафас ва қалб таъсири манфӣ дорад.

 

АКС аз АМИТ «Ховар»

Октябрь 1, 2021 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд