«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе ин иди бостонӣ ва миллии мо бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид

Октябрь 17, 2021 13:41

ДУШАНБЕ, 17.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз кишоварзони мамлакат  аз соати 08:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Меҳргонро бо оростани манора ва ороиши махсус аз навъҳои гуногуни зироат, меваву сабзавот ва полезиҳо, аз қабили харбузаву тарбуз, ангур, хурмою анор  ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ, ки бо меҳнати ҳалоли худ давоми сол  ҷамъоварӣ намудаанд,  таҷлил намуданд. Ҳамчунин дар ин рӯз фестивалҳои намоиш ва фурӯши асал, маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, шолӣ ва биринҷ низ гузаронида шуданд.

Иди Меҳргон, фестивалҳои намоиш ва фурӯши асал, маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, шолӣ ва биринҷ бо ташаббуси  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор  гардида, ба сокинони пойтахт имкон дод, ки бо нархҳои дастрас аз маҳсулоти ба маъразгузоштаи деҳқонони мамлакат харидорӣ намоянд.

Деҳқонони мамлакат аз  тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, меваҷот, сабзавот, асали табиӣ, техникаю мошинолот, ихтирооти вобаста ба соҳаро  пешниҳоди иштирокдорон намуданд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ  омода гардида, манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардиданд. Дар гӯшаи дигари боғ ҳунарҳои мардумӣ  ба намоиш гузошта шудаанд, ки ҳар кадоми он ифодагари меҳнати дастии ҳунармандон буда, аз завқу маҳорат ва таърихи бой доштани ҳунармандӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад. Сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе барои боздид аз намоиши пуршукӯҳи имрӯза гурӯҳ-гурӯҳ ба боғ ворид шуда, аз тамошои неъматҳои пурсахои сарзамини хеш баҳра мебурданд. Дар даромадгоҳи боғ  онҳоро чунин мисраҳои шоири маъруфи тоҷику форс Манучеҳрии Домғонӣ шодбош “мегӯянд”:

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,
Норинҷу нору арғувон овард аз ҳар ноҳия.

Дар намоиши мазкур Вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиëзода, сардори Раëсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти  ДИП ҶТ  Мирзодавлат Сабурзода, намояндагони Ҳукумати  мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки дар замони истиқлол Иди Меҳргон баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар  радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Мояи  ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мешавад.

Зикр шуд, ки ҷашни Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи ба худ хос дошта, мардуми мо арзишҳои волои онро дар хотираи таърхии хеш на танҳо чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз кардаанд, балки сарфи назар аз фишори аҷнабиён  давоми ҳазорсолаҳо расму оини худро вобаста ба талаботи давру замон васеъ таҷлил мекарданд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расонидаанд. Ин ҷашни миллӣ саршор аз ҳикматҳои созандаву инсондӯстона буда, дар баробари ин, исботи ҳанӯз дар замонҳои қадим кишоварз, яъне истеҳсолкунандаи неъматҳои моддӣ будани аҷдоди мо мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 зимни таҷлили ҷашни 80-солагии таъсиси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон гуфта буданд, ки «Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор дошта, соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд».

Ҳамчунин дар ин рӯз  кишоварзони мамлакат Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд. Дар ин рӯз шолипарварони мамлакат навъҳои гуногуни шолӣ ва биринҷро барои меҳмонон ва сокинони пойтахт ба намоиш ва фурӯш гузоштанд. Инчунин таомҳои миллии аз биринҷ омодагашта, хони миллӣ, гӯшаи анъанаҳои миллӣ доир гардид.  Дар намоишгоҳ гӯшаи тавсияҳо фаъол гардида буд, ки олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ  ба харидорон доир ба навъҳои биринҷ ва ба хоҷагиҳои кишоварзӣ оид ба парвариши биринҷ тавсияҳо медоданд.

Бояд тазаккур дод, ки биринҷ растании зироатӣ буда, дар заминҳои обдор кишт карда  мешавад. Он аксаран дар даруни об рӯида, дар об месабзаду мерасад. Биринҷ  маҳсулотест, ки дорои витаминҳои зиёд буда, организми инсонро як хел нигоҳ медорад. Он аз ҷумлаи донагиҳои хеле фоидаовар буда, ба гурӯҳи маҳсулоти табобатӣ дохил мешавад.

Истифодаи мунтазами маҳсулоти биринҷӣ хавфи гирифтор шудан ба бемории саратони рӯдаро камтар мекунад. Биринҷ сарчашмаи баъзе витаминҳои гурӯҳи Б мебошад. Витаминҳои гурӯҳи Б асабро ором намуда, ба пӯст беҳбудӣ бахшида, нохун ва мӯйи сарро  нигоҳ медоранд.

Табибон тавсия медиҳанд, ки истеъмоли зиёди биринҷ ранги рӯйро пок менамояд, умрро дароз карда, дар бадан моддаҳои солим пайдо мекунад.

Дар ҷашнгоҳ таваҷҷуҳи сокинон ба асалҳои пешниҳоднамудаи асалпарварон бештар равона гардида буд. Зеро дар баробари пешниҳод гардидани навъҳои асали табиӣ, инчунин тамоми техникаи парвариши асал ва таҷҳизоти истифодагардида ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

Сокинон ва меҳмонони пойтахт асали тозаи табииро бо нархи арзон харидорӣ намуданд. Инчунин аз тавсии олимон низ баҳраманд гардиданд.

Бояд гуфт, ки асал яке аз маҳсулоти табиии ғизоӣ ва воситаи беҳтарини табобатиест, ки ҳазорсолаҳо инҷониб мавриди истифодаи башарият қарор гирифтааст. Ҳанӯз зиёда аз ҳазор сол пеш пири ҳакимони машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино дар китоби «Қонуни тиб» асалро дар қатори дигар маводи табобатӣ зикр намуда, чунин гуфта буд: «Беҳтарин ангубин он аст, ки ба ростӣ ширин ва хушбӯй бошад, ба тезию сурхӣ бигарояд, сахт буда, начандон тунуку часпак бошад, ки бурида нагиранд. Ангубин зудоянда буда, даҳони рагҳоро бикшояд, рутубатҳоро аз қаъри тан бикашад».

Пешрафти соҳаи тиб нишон дод, ки дар қатори асал прополис, шири модаршоҳ ва гарди заҳри занбӯри асал низ давои беҳтарин барои бемориҳои гуногун мебошад. Имрӯзҳо дар кишварҳои пешрафтаи олам бо усули занбӯршифоӣ, яъне бо роҳи занбӯргазонӣ табобат намудани беморон  мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳирҷон Сайидзода
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 17, 2021 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои маҳбуби тоҷикон ва Президенти сулҳофар» — бардошт аз таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Душанбе
Имрӯз Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оғоз мешавад
ХОНА-МУЗЕИ АЙНӢ БА ҶОИ МУНОСИБ КӮЧОНИДА МЕШАВАД. Шарҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Нархи роҳкирои воситаҳои нақлиёти мусофиркаш дар Душанбе баланд шуд
Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор мегардад
Ба сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобочон Ғафуров тақдим мегардад
ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ШАҲРСОЗӢ. Дар Душанбе муассисаҳои таълимии замонавӣ бунёд мегарданд
«КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Таҳти ин ном дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
Туҳфаи арзишманди Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Фирдавсӣ тақдим карда шуд
Имрӯз дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали қаннодӣ ва ҳалвопазӣ ҷамъбаст гардид
ОБ ЗАХИРА КУНЕД! 4 ноябр дар ноҳияи Синои пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад