Оташи Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 фурӯзон гардид
ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ«Ховар»/. 18 октябр дар шаҳраки Олимпиаи Юнон оташи Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 фурӯзон карда шуд, иттилоъ доданд аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Маросими оташафрӯзӣ дар шаҳраки Олимпиа бо дарназардошти чораҳои муқовимат ба COVID-19 бо иштироки маҳдуди ҳайатҳо доир шуд. Оташи олимпӣ рамзи сулҳ, ваҳдат ва ҳамбастагӣ буда, ба варзишгароне, ки ба ин бозиҳо омодагӣ мегиранд, илҳом мебахшад.
Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах дар маросими оташафрӯзӣ изҳор дошт, ки Бозиҳои олимпӣ ҳамеша дар болои низоъ қарор доштанд. «Дар ҷаҳони нозуки мо, ки дар он тақсимот, низоъ ва нобоварӣ афзоиш меёбад, Бозиҳои олимпӣ ҳамеша пул месозанд. Бозиҳо ҳеҷ гоҳ девор намесозанд. Бозиҳои олимпӣ наметавонанд ҳамаи мушкилоти ҷаҳони моро ҳал кунанд, вале онҳо барои ҷаҳон намунаи эҳтироми якдигарро мерос гузоштаанд. Бозиҳо ба ҳалли мушкилот тавассути дӯстӣ ва ҳамбастагӣ илҳом мебахшанд. Онҳо пулҳое месозанд, ки сабаби фаҳмиши беҳтар ва дӯстии қавӣ миёни одамон мешаванд»,-гуфт Томас Бах.
Намояндаи Бозиҳои олимпии Пекин-2022, ноиби президенти Кумитаи олимпии Чин Йу Зайгинг зикр намуд, ки «ин як лаҳзаи таърихӣ мебошад. Зеро мо дар шаҳри қадимаи Олимпиа ҷамъ омадем, то афрӯхтани оташи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпиро ҷашн гирем. Оташи олимпӣ роҳи сафари моро равшан мекунад, то мушкилотро бо ҳамбастагии бештар ва ҳамкории наздиктар бартараф кунем. Дар давраи сар задани бемории коронавирус оташи олимпӣ ба мо эътимод, гармӣ ва умед бахшид. Ин як манбаи қувва дар муборизаи мо барои мағлуб кардани пандемия буд”.
Маросими анъанавӣ, ки дар наздикии маъбади Ҳера баргузор шуд, мероси юнонии Бозиҳои олимпиро таҷассум мекунад ва Бозиҳои муосирро бо пайдоиши таърихии он мепайвандад. Пас аз он ки оташи олимпӣ аз ҷониби саркоҳин фурӯзон карда шуд, он сафари худро тавассути лижарони юнонӣ Иоаннис Антониу оғоз кард. Пас аз он шӯъла ба варзишгари чинӣ, барандаи панҷ медали Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар конкитозӣ Ли Ҷиаҷун гузашт.
Пас аз маросим оташи олимпӣ ба Варзишгоҳи Панатенаичи Афина интиқол дода шуда, имрӯз, 19 октябр расман ба Пекин-2022 супорида мешавад.
20 октябр дар Пекин маросими истиқбол баргузор мешавад ва алангаи оташ аввал дар бурҷи олимпии Пекин пеш аз сафар ба мардум намоиш дода мешавад.
Бозиҳои зимистонаи олимпӣ аз 4 то 20 феврали соли 2022 дар шаҳри Пекини Чин бо иштироки тақрибан 2900 варзишгар аз 85 кумитаи миллии олимпӣ баргузор мешаванд. Пекин ягона шаҳре мебошад, ки мизбони ҳам Бозиҳои тобистона ва ҳам Бозиҳои зимистона мешавад.
АКС аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон








Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд






