«Панҷшер» ва «Бешкент» ғолиби Чемпионати Тоҷикистон-2021 оид ба футбол миёни духтарон шуданд
ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ миёни духтарони то 15-сола ва дастаи «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав миёни духтарони то 17-сола ғолиби Чемпионати Тоҷикистон-2021 шуданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Чемпионати футбол миёни духтарони то 15-сола имсол дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва финалӣ баргузор шуд. Дар марҳилаи финалӣ шаш даста иштирок карданд. Бозиҳо тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор шуданд. Дастаи футболи духтаронаи «Панҷшер» аз ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ дар ҳамаи 5 бозӣ ғолиб омада, бо 15 хол ҷои аввалро ишғол кард. Медалҳои нуқра насиби дастаи футболи «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав (10 хол) ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи «Навбаҳор»-и ноҳияи Мастчоҳ (9 хол) гардиданд.
Аз миёни бозингарони дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ Мафтуна Деҳқонова беҳтарин дарвозабон ва Дилдора Имомалиева беҳтарин бозингар дониста шуданд. Содиқҷон Исматов аз дастаи «Панҷшер» беҳтарин мураббӣ эълон шуд. Улҷамол Элмуродова аз дастаи «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав бо 41 гол беҳтарин нишонзан гардид.
| ҶОЙ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
| 1 | «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) | 5 | 5 | 0 | 0 | 11-1 | 15 |
| 2 | «Бешкент» (Носири Хусрав) | 5 | 3 | 1 | 1 | 15-3 | 10 |
| 3 | «Навбаҳор» (Мастчоҳ) | 5 | 3 | 0 | 2 | 12-6 | 9 |
| 4 | «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов) | 5 | 2 | 1 | 2 | 5-5 | 7 |
| 5 | «Зебо» (Дӯстӣ) | 5 | 1 | 0 | 4 | 2-5 | 3 |
| 6 | «Зебонисо»(Душанбе) | 5 | 0 | 0 | 5 | 0-25 | 0 |
Дар Чемпионати футбол миёни духтарони то 17-сола низ шаш даста ширкат намуданд — «Бешкент» (Носири Хусрав), «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ), «Равшан» (Кӯлоб), «Хатлон» (Бохтар), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), «Навбаҳор» (Мастчоҳ). Дар асоси низомнома бозиҳо тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор шуданд. Бо натиҷагирӣ аз панҷ давр дастаи футболи «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав бо 12 хол ғолиб гардид. Ду даста – «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов) ва «Панҷшер» (Носири Хусрав) 9-холӣ ба даст оварданд, вале аз ҳисоби вохӯриҳои инфиродӣ дастаи “Ҷавонӣ»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷои дуюм ва дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ ҷои сеюмро сазовор гардиданд.
Нилуфар Қараева аз дастаи «Бешкент» беҳтарин дарвозабон, Рухшона Файзуллоева аз дастаи «Ҷавонӣ» беҳтарин бозингар, Зарина Имомназарова аз дастаи «Навбаҳор» бо 33 гол беҳтарин нишонзан ва Эркин Нормуродов аз дастаи «Бешкент» беҳтарин мураббӣ эълон гардиданд.
| ҶОЙ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
| 1 | «Бешкент» (Носири Хусрав) | 5 | 4 | 0 | 1 | 11-4 | 12 |
| 2 | «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов) | 5 | 3 | 0 | 2 | 7-8 | 9 |
| 3 | «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) | 5 | 3 | 0 | 2 | 12-9 | 9 |
| 4 | «Навбаҳор»(Мастчоҳ) | 5 | 2 | 1 | 2 | 14-9 | 7 |
| 5 | «Равшан» (Кӯлоб) | 5 | 1 | 1 | 3 | 5-10 | 4 |
| 6 | «Хатлон» (Бохтар) | 5 | 1 | 0 | 4 | 5-14 | 3 |
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






