Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шарифро дар ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳу намои муосир ва санъати баланди меъмории миллӣ бунёд гардидааст.
Бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф дорои 11 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ буда, дар он китобхона ва толори маҷлис бо 70 ҷои нишаст мавҷуд мебошад.
Китобхона бо зиёда аз 2 ҳазор китоби бадеиву соҳавӣ таъмин буда, дар он барои ҳаводорони каломи бадеъ имконияти васеъ муҳайё мебошад.
Дар ҳуҷраҳои корӣ шароити мусоиди фаъолият барои кормандон фароҳам буда, бо техникаи муосири компютерӣ таъмин карда шудааст.
Сохтмони бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф соли 2020 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо саҳми соҳибкор Саидакбар Султонзода бо сифати баланд бунёд гардидааст.
Аснои шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити фароҳамгардида дар бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф баҳои баланд доданд.
Саҳн ва атрофи бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф бо шинонидани ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасабз, гулу буттаҳои нодири ороишӣ, навсозии роҳравҳо ва насби 20 сутунпояи чароғ ободу зебо гардидааст.









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






