Пешвои миллат: Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими бештар бахшидан ба мақоми забони давлатӣ пайваста тадбирҳои иловагӣ меандешад

Октябрь 5, 2021 07:05

ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола дар мамлакат 5 октябр таҷлил мегардад, тазаккур доданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон пайваста тадбирҳои иловагиеро амалӣ карда истодааст, ки ҳадаф аз онҳо таҳкими бештар бахшидан ба мақоми забони давлатӣ мебошад.

Сарвари давлат, аз ҷумла, ёдовар шуданд, ки 28 ноябри соли 2020 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030» тасдиқ карда шуд, ки барои дурнамои рушди сиёсати забони давлатӣ дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам меоварад.

«Барномаи мазкур маҷмўи чорабиниҳоро барои рушди даҳсолаи забон муайян карда, мо, соҳибзабононро вазифадор менамояд, ки содиқона ва бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ аз пайи иҷрои масъалаҳои дар он пешбинишуда бошем», — иброз доштанд Пешвои миллат.

Дар робита ба ин, Президенти мамлакат бори дигар хотиррасон шуданд, ки забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ буда, чун ҷисми зинда барои афзудани тавонмандии худ ба ғамхориву пуштибонии пайвастаи давлату ҷомеа ниёз дорад.

 

АКС аз бойгонии Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2021 07:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон