Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази табобати дандонро дар маркази деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ифтитоҳ намуданд

Октябрь 21, 2021 10:16

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Кангурт Маркази табобати дандонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо дарназардошти талаботи зиёди аҳолӣ ба табобати дандон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Маркази табобати дандон дорои шароити муосири хизматрасонӣ буда, дар он табибони соҳибмалака ба кор ҷалб гардидаанд. Барои хизматрасонӣ ба ниёзмандон дар иншоот дастгоҳҳои муосири тиббӣ васлу насб гаридаанд ва дар як вақт дар ду ҳуҷраи корӣ ба ниёзмандон хизмат расонида мешавад.

Дар марказ ташхиси ултрасадоии дандон, гирифтани қолаб барои омодасозии дандон ва муоинаи решаву вазъи дандон роҳандозӣ шудааст.

Ҳамчунин минбаъд кандани дандон, шинонидани дандони нав, тозакуниву табобати бемориҳои гуногуни вобаста ба дандон дар ҳамин ҷо амалӣ карда мешавад.

Зимни боздид иброз гардид, ки дар Маркази нави табобати дандон 5 нафар соҳиби ҷойи кор гардида, дар ошёнаи дуюми иншоот барои табибон манзили истиқоматӣ бо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Марказ дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи Роҳбарияти олии мамлакат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Манучеҳр Шарифов сохта шудааст.

Намои берунаи бино бо усули муосири меъморӣ бунёд гардида, атрофи он мутобиқ ба талаботи замон сабзкорӣ карда шудааст ва ҳудуди иншоотро дарахтони ороишиву сояафкан зинат медиҳанд.

Аснои боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони марказ дастур доданд, ки ба сокинони ноҳияву дигар ниёзмандон бо сифати баланд ва бо назардошти қоидаҳои санитарӣ хизмат расонида, имконоти фароҳамовардашударо самаранок истифода баранд.

Ифтитоҳи Маркази табобати дандон дар маркази деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик 21.10.2021

Октябрь 21, 2021 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд