Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз Хоҷагии фермерии «Асадулло» дар ноҳияи Хуросон боздид намуданд

Октябрь 29, 2021 13:20

ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии фермерии «Асадулло» аз қитъаи боғи нав бо ниҳолҳои навъи хориҷӣ боздид карда, бо нашъунамои дарахтон шинос шуданд.

Қитъаи боғ бо дарахтони хориҷӣ дар ҳудуди хоҷагӣ соли 2018 дар майдони қариб 36 гектар ташкил гардидааст.

Ниҳолу дарахтони ин қитъа аз Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ворид шуда, аз 36 гектар асосан дар майдони 16 гектар ниҳолҳои себ, дар 11 гектар нок, 7 гектар олу, 2 гектар челон ва дар 1 гектар себи биҳӣ парвариш мегардад.

Дар ин қитъаи боғ 14 нафар ба кори доимӣ фаро гирифта шудаанд.

Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои кӯҳна дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 — 2020” амалӣ шуда, ин тадбир омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад.

Хоҷагии фермерии “Асадулло” дар деҳоти Фахробод аз калонтарин хоҷагиҳои кишоварзӣ маҳсуб ёфта, дорои 14 ҳазору 423 гектар замин мебошад ва он соли 2009 ташкил шудааст.  Дар ин хоҷагии фермерии давоми шаш соли охир беш аз 1700 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст.

Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ боғдорӣ мебошад ва аз миқдори умумии майдони боғот 116 гектарашро боғи интенсивӣ дар бар мегирад. Дар хоҷагӣ парвариши хуби дарахтони мевадиҳандаи ба содирот нигаронидашудаи себи биҳӣ, нок, олу, зардолу, гелос, бодом, анҷир, чормағз, челон, анор, тут ва лимӯ ба роҳ монда шудааст.

Баъди шиносоӣ бо ҳолати нашъунамои дарахтони боғ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи бойи боғдорони хоҷагӣ баҳои баланд дода, онҳоро ба истифодаи самараноки ҳар қитъа замин, афзун намудани ҳаҷми содироти меваҷот ба хориҷи мамлакат ва вусъати корҳои созандагию ободонии ноҳия ҳидоят карданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Хоҷагии фермерии “Асадулло”, ки аз анвои гуногуни истеҳсоли худӣ таҳия гардида буд, боздид карданд.

Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии меҳнаткашони Хоҷагии фермерии “Асадулло” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд доданд.

Боздид аз Хоҷагии фермерии “Асадулло” дар ноҳияи Хуросон 29.10.2021

Октябрь 29, 2021 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд