Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Беморхонаи минтақавии «Ориён» ва шуъбаи таваллуд дар ноҳияи Фархорро мавриди истифода қарор доданд

Октябрь 2, 2021 11:05

ДУШАНБЕ, 02.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳоти Фархори ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Беморхонаи минтақавии “Ориён” ва шуъбаи таваллудро мавриди истифода қарор доданд.

Бо бунёди иншооти мазкур аҳолии деҳоти Фархор соҳиби муассисаи замонавии тиббӣ гардиданд, ки дар он ташхису табобати бемориҳои гуногун роҳандозӣ гардидааст.

Беморхона дорои 20 кат буда, аз шуъбаҳои бемориҳои даруна, бемориҳои кӯдакона ва таваллудхона иборат мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо истифода аз озмоишгоҳи замонавӣ ташхиси беморон дар ҳамин ҷо роҳандозӣ шуда, ҳамчунин муолиҷаи маризон бо ҷалби табибони соҳибмалака амалӣ карда мешавад.

Дар иншооти нав 16 ҳуҷраи табобатӣ ва кабинети корӣ ҷой дода шуда, ҳамчунин ҳуҷраҳои табобатӣ бо дастгоҳҳои насли нав таъмин гардидаанд. Аз ҷумла, беморхона дорои шуъбаи ташхиси ултрасадо, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, кардиомонитор ва оксигенераторҳо буда, омода аст ба нафарони бемор сари вақт ва бо сифати баланд хизмат расонад.

Дар шуъбаи таваллуди беморхона шароити мусоиду замонавӣ барои нигоҳдории модару кӯдак фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар ин ҷо 10 кати хоб бо имконияти зарурӣ ташкил гардида, барои солим ба дунё омадани тифл мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.

Дар ҳолатҳои ғайричашмдошт низ шуъбаи мазкур бо истифода аз дастгоҳҳои нав метавонад сари вақт ба модар ва ё кӯдак кумаки тиббӣ расонида, ба ҳамин васила аз фавти кӯдаку модар пешгирӣ намоянд.

Ҳамчунин ҳуҷраҳои алоҳидаи машваратӣ барои модарони ҷавон ва ташхиси кӯдакон дар ин шуъба ташкил карда шудааст.

Дар маҷмуъ дар Беморхонаи минтақавии “Ориён” ва шуъбаи таваллуд бештар аз 20 нафар аз сокинони маҳаллӣ, ки дорои маълумоти тахассусианд, соҳиби ҷои кор гардида, бо маоши хуб таъмин мебошанд.

Саҳни иншоот низ мувофиқ ба талабот бунёд гардида, барои сайру гашти табобатгирандагон ва ташрифи аёдаткунандагон имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Беморхонаи нав бо дарназардошти талаботи муосири тиббӣ бунёд гардида, имконият медиҳад сокинони деҳоти Фархор дар ҳамин ҷо ба ташхису табобат фаро гирифта шаванд ва ин иқдом мушкилоти иҷтимоии аҳолии минтақаи мазкурро дар самти дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ пурра ҳал намуд.

 

Октябрь 2, 2021 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд