Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматии 8-ошёна бо филиали Маркази ташхисию табобатии «Мадади Акбар»-ро дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ба истифода доданд

Октябрь 21, 2021 10:12

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик бинои истиқоматии 8-ошёна бо ҷойгиркунии бахши Маркази ташхисию табобатии “Мадади Акбар”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо имконияти бахши Маркази ташхисию табобатии “Мадади Акбар”, ки дар таҳхона ва ошёнаи аввали бинои нав ҷой дода шудааст, шинос гардиданд.

Зикр шуд, ки дар маркази нав барои ташхис ва табобати нафарони ниёзманд имконоти муосиру замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, таҳхонаи “Мадади Акбар” дорои ташхисгоҳ бо ҳуҷраи ултрасадоӣ, озмоишгоҳ бо лавозимоти корӣ буда, ҳамчунин бахши ёрирасонӣ бо ҳуҷраҳои тавонбахшӣ, варзишӣ ва маҳсдармонӣ таъмин гардидааст.

Маркази ташхисию табобатии “Мадади Акбар” ҳамзамон дорои ҳуҷраи бақайдгирӣ буда, дар он барои ташхису табобати чашм, гӯш, гулӯву бинӣ, дандон, дил ва асаб шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Марказ дорои ҳуҷраи ҷарроҳӣ буда, имконият аст, ки амалиёти ҷарроҳии таъҷилӣ дар ҳамин ҷо гузаронида шавад. Ҳамчунин дар марказ ҳуҷраҳои алоҳида барои машварат ба ниёзмандон ва хатнаи кӯдакон сохта шудааст.

Дар ин ҷо барои ба табобат фаро гирифтани беморон 12 кати хоб ташкил карда шудааст. Ҳуҷраҳои табобатӣ ва ташхисии “Мадади Акбар” бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, кардиомонитор, дастгоҳҳои ташхиси ултрасадоӣ, оксигенераторҳо таъмин буда, имконият аст, ки сокинони ноҳия минбаъд дар ҳамин ҷо ташхису табобат гиранд. Дар марказ ҳамчунин табобат бо усули гиёҳдармонӣ роҳандозӣ гардидааст.

Марказ ҳамчунин дорои дорухона ва мағоза мебошад. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур хизматрасонии муосири тиббиро барои сокинони ноҳия дастрас намуда, минбаъд табобату ташхиси нафарони бемор бо сарфаи маблағу вақт дар ҳамин ҷо гузаронида мешавад.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар иншооти нав 45 нафар асосан сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Нафароне, ки аз минтақаҳои нисбатан дуртар ба кор меоянд, дар ошёнаҳои болоии бинои мазкур бо манзили истиқоматии хизматӣ таъмин мешаванд. Ҳамчунин кормандони Корхонаи дӯзандагии “Меҳри Модар” низ дар бинои 8-ошёна бо манзил таъмин гардида, боқимондаи хонаҳо барои фурӯш ба аҳолӣ пешниҳод карда мешавад.

Иброз гардид, ки дар маҷмӯъ бинои истиқоматӣ дорои 42 ҳуҷра буда, дар он барои истиқоматкунандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Иншоот дорои ҳуҷраҳои 1, 2 ва 3-хонагӣ буда, ҳамчунин бо лифт ва дигар иншооти ёрирасон таъмин мебошад.

Иншоот дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд шудааст.

Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуданд.

Ифтитоҳи бинои истиқоматии 8-ошёна бо филиали Маркази ташхисию табобатии “Мадади Акбар” дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик 21.10.2021

Октябрь 21, 2021 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдиро ифтитоҳ намуданд
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рашт 307 иншоот бунёд карда мешавад
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров аз Бӯстонсаройи беруназшаҳрии «Такоб» боздид намуданд
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар консерти арбобони санъат бо номи «Дӯстии абадӣ» иштирок намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистону Қирғизистон дар маркази «ЭКСПО»-и шаҳри Душанбе боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон иштирок намуданд
Нишасти матбуотӣ аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон