Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббиро дар ноҳияи Фархор ифтитоҳ намуданд

Октябрь 2, 2021 09:25

ДУШАНБЕ, 02.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор ҳамчунин бинои нави таълимии Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббиро мавриди истифода қарор доданд.

Коллеҷи тиббӣ бо дарназардошти талаботи ҷаҳони муосир бунёд шуда, барои 440 нафар дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Насим Додиев бунёд гардид. Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парандапарвари Фархор» анҷом дода, он дар масоҳати умумии 650 метри мураббаъ доман густурдааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки муассиса дар ноҳия ягона Коллеҷи хусусӣ аст, ки барои омода намудани мутахассисони соҳаи тиб равона гардидааст ва дар он аз рӯи 3 ихтисос — кори ҳамширагӣ, умумитиббӣ ва фармасевтӣ мутахассис омода менамоянд.

Қобили зикри хос аст, ки муассисаи навбунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 12 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла утоқҳои химия, биология ва фанни морфологӣ буда, ҳамзамон озмоишгоҳ барои гузаронидани машғулияти лабараторӣ фаъолият менамояд.

Пешвои муаззами миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми башардӯстонаи соҳибкорро шоистаи таҳсин хонданд. Ба фаъолият пардохтани муассисаи таълимии тиббиро дар ноҳия Сарвари давлат ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти норасоии кадрҳои соҳаи тиббӣ мусоидаткунанда арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Соҳибкори ватандӯст аз дастгириҳои Президенти мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, уҳдадор шуд, ки ҳамчунин дар назди муассисаи таълимӣ барои 400 нафар донишҷӯ хобгоҳи замонавӣ ва толору майдончаҳои варзишӣ бунёд намояд.

Октябрь 2, 2021 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд