Рустам Назарзода ва Зехавит Бен Ҳиллел таҳкими ҳамкорӣ дар самти ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 22.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳолатҳои фавқулода ва пешгирӣ аз офатҳои табиию техногенӣ мулоқоти Раиси Кумитаи мазкур, генерал-полковник Рустам Назарзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Исроил дар Ҷумҳурии Узбекистон Зехавит Бен Ҳиллел баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Дар ҷараёни мулоқот Рустам Назарзода меҳмони олиқадрро бо корҳои анҷомшуда дар самти идораи ҳолатҳои фавқулода дар кишвар, ҳамкории байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ дар ин самт ва офатҳои табиии рухдода, корҳои анҷомшуда дар заминаи бартарафсозии пайомадҳои он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ, расонидани кумак ба зарардидагон аз офати табиӣ шинос намуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак миёни ду кишвар оид ба вокуниш ба офатҳо, омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисони наҷотдиҳанда, расонидани кумакҳои техникӣ ва ғайраро баррасӣ карданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Исроил дар Ҷумҳурии Узбекистон Зехавит Бен Ҳиллел аз пазироии гарм изҳори сипос намуд ва ба талошҳои Ҳукумати кишвар ва фаъолиятҳои Кумитаи мазкур дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ баҳои баланд дод.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти коҳиши хатари офатҳо изҳори умед намуданд.
АКС: КҲФ ва МГ








Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд






