Сафири Тоҷикистон дар ФР Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Кореяи Ҷанубӣ дар ФР Ли Сок Пэ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 13.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Федератсияи Росссия Ли Сок Пэ мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориро миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаҳои иқтисоду сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва маориф баррасӣ намуданд.
Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин перомуни якчанд масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ сафирони Тоҷикистону Корея омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ миёни намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар Москва иброз намуданд.
Акс аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР.








Дар Ашқобод Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 53-юми Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврии Шурои ҳуқуқи инсони СММ иштирок намуд
Барқарор намудани ҳамкорӣ байни вилоятҳои Тоҷикистону Кувайт баррасӣ гардид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Олмон баргузор гардиданд
Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид






