Саймумин Ятимов: Вазъи Афғонистон ба тамоми ИДМ таҳдид мекунад

Октябрь 14, 2021 13:02

ДУШАНБЕ, 14.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов гуфт, ки вазъ дар Афғонистон на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми ИДМ таҳдид мекунад. Дар ин бора ӯ зимни иштирок дар нишасти XVII сарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти иктишофии кишварҳои узви ИДМ изҳори назар намуд, хабар медиҳад агентии иттилоотии Русия «Sputnik».

«Мо бовар дорем, ки вазъи кунунии Афғонистон на танҳо барои амнияти Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари воқеӣ эҷод мекунад. Ман фикр мекунам барои тамоми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, бахусус минтақаҳое, ки аҳолии мусулмон доранд, он хатар дорад», — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Саймумин Ятимов, «талошҳои мушаххас»-е вуҷуд доранд, ки террористон аз дини ислом барои ноором созхтани вазъи минтақа истифода кунанд.

Бояд тазаккур дод, ки дирӯз дар Москва ҷаласаи хадамоти махсуси Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус ва Туркманистон баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки вазъ дар Афғонистон аввали моҳи август, замоне муташанниҷ шуд, ки «Толибон»* ҳамлаи худро ба неруҳои давлатии Афғонистон бештар намуд. Толибон вориди Кобул шуданд ва анҷоми ҷангро эълон карданд. Дар ҳамин ҳол, аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояи низомиёни амрикоӣ буд, тахлияи оммавии шаҳрвандони кишварҳои Ғарб ва афғонҳои бо онҳо ҳамкор сурат гирифт.

Неруҳои амрикоӣ Афғонистонро тарк карданд ва  ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар ин кишвар хотима ёфт.

________________________

* «Толибон» — ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо

Октябрь 14, 2021 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид