Саммити навбатии СВМДА дар Нур-Султон доир мешавад, нишасти қаблии он дар Душанбе баргузор шуда буд

Октябрь 13, 2021 15:22

ДУШАНБЕ, 13.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Саммити шашуми кишварҳои ширкаткунандаи Конференсияи ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (СВМДА) соли оянда дар пойтахти Қазоқистон баргузор мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 12 октябр муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Акан Рахметуллин (ДАР АКС) зимни мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СВМДА хабар дод.

 “Мо бесаброна интизори мулоқоти навбатии худ дар соли 2022 дар доираи шашумин саммити СВМДА, ки дар шаҳри Нур-Султон баргузор мегардад, мебошем”,- гуфт ӯ ба ширкаткунандагони ҷаласа.

 Тавре АМИТ “Ховар” қаблан хабар дода буд, саммити қаблӣ, панҷуми он 15 июни соли 2019 таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 27 кишвари минтақаи Осиё ширкат доштанд. Чорабиниро 650 нафар рӯзноманигорони маҳаллӣ ва хориҷӣ аз тамоми ҷаҳон инъикос намуданд.

Саммити Душанбе бо қабули эъломияи ниҳоӣ анҷом ёфт. Дар ин санад зикр мешавад, ки раёсати Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо дигар давлатҳои иштирокчӣ ва нозирон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то ҳамкорӣ дар доираи СВМДА ва рушди он ба сатҳи баландтар расонида шавад ва ҳамаи кишварҳо ният доранд дар ин кор мусоидат кунанд.

 Нахустин саммити СВМДА соли 2002 баргузор шуда буд. Соли 2018 дар доираи иҷлосияи 73 -юми Маҷмаи Умумии СММ раёсат то соли 2020 аз Чин ба Тоҷикистон гузашт.

Ба ҳайати СВМДА 27 кишвар дохил мешаванд: Озарбойҷон, Афғонистон, Бангладеш, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Камбоҷа, Қатар, Қирғизистон, Чин, Муғулистон, АМА, Фаластин, Покистон, Ҷумҳурии Корея, Русия, Тоҷикистон, Таиланд, Туркия, Узбекистон ва Шри -Ланка. Илова бар ин боз 13 давлат ва созмонҳои байналмилалӣ — Беларус, Индонезия, Лаос, Малайзия, ИМА, Украина, Филиппин, Ҷопон, инчунин СММ, Лигаи кишварҳои араб, Созмони байналмилалии муҳоҷират, САҲА, Ассамблеяи парлумонии кишварҳои туркзабон мақоми нозирро доранд.

 АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 13, 2021 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд