Сергей Лавров даъват кард, ки ҳама гуна интиқоли силоҳ ба Афғонистон пешгирӣ карда шавад
ДУШАНБЕ, 14.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров даъват намуд, ки ҳама гуна шабакаҳои интиқоли таҷҳизоти низомӣ барои террористоне, ки дар Афғонистон фаъолият мекунанд, баста шаванд, хабар додааст 13 август агентии иттилоотии Русия «Sputnik».
Бо чунин изҳорот дирӯз Вазири корҳои хориҷии Русия дар маросими ифтитоҳи 17 -умин машварати сарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти иктишофии кишварҳои ИДМ сухан гуфт.
Сергей Лавров ҳамчунин афзуд, ки дар ин марҳила тақвият додани ҳамкории кишварҳо дар доираи ИДМ, СААД ва СҲШ муҳим аст.
“Ин масъала чанде пеш аз ҷониби роҳбарони мо дар нишастҳои моҳи сентябр дар Душанбе ба таври возеҳ баррасӣ гардид”,-ишора намуд Вазири корҳои хориҷии Русия.
«Мо аз он нигаронем, ки унсурҳои террористӣ ва радикалӣ метавонанд таҳти ниқоби гурезаҳо тавассути сарҳадҳои ҷанубӣ ворид шаванд. Зарур аст, ки шабакаҳои истеъмолии онҳоро бо ҳама гуна маҳсулоти низомӣ фавран маҳкам кунем”,-гуфт Сергей Лавров.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






