Сергей Лавров даъват кард, ки ҳама гуна интиқоли силоҳ ба Афғонистон пешгирӣ карда шавад

Октябрь 14, 2021 11:26

ДУШАНБЕ, 14.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров даъват намуд, ки ҳама гуна шабакаҳои интиқоли таҷҳизоти низомӣ барои террористоне, ки дар Афғонистон фаъолият мекунанд, баста шаванд, хабар додааст 13 август агентии иттилоотии Русия «Sputnik».

Бо чунин изҳорот дирӯз Вазири корҳои хориҷии Русия дар маросими ифтитоҳи 17 -умин машварати сарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти иктишофии кишварҳои ИДМ сухан гуфт.

Сергей Лавров ҳамчунин афзуд, ки дар ин марҳила тақвият додани ҳамкории кишварҳо дар доираи ИДМ, СААД ва СҲШ муҳим аст.

“Ин масъала чанде пеш аз ҷониби роҳбарони мо дар нишастҳои моҳи сентябр дар Душанбе ба таври возеҳ баррасӣ гардид”,-ишора намуд Вазири корҳои хориҷии Русия.

«Мо аз он нигаронем, ки унсурҳои террористӣ ва радикалӣ метавонанд таҳти ниқоби гурезаҳо тавассути сарҳадҳои ҷанубӣ ворид шаванд. Зарур аст, ки шабакаҳои истеъмолии онҳоро бо ҳама гуна маҳсулоти  низомӣ фавран маҳкам кунем”,-гуфт Сергей Лавров.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 14, 2021 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
Ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ мегардад
Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Гулистон Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои ИДМ доир мешавад
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд