Ширкати сохтмонӣ зарари дар натиҷаи сўхтор ба муҳоҷирони тоҷик расидаро ҷуброн менамояд

Октябрь 22, 2021 08:41

ДУШАНБЕ, 22.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 20 октябри соли 2021 дар ҳудуди иншооти сохтмонӣ,  ки дар назди метрои «Рассказовка»-и шаҳри Москваи Федератсияи Русия  воқеъ гардидааст, сӯхтор ба амал омад. Дар иншооти мазкур беш аз 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи шартнома бо 4 ширкати сохтмонӣ ба кор ҷалб шуда,  80 нафари онҳо дар хобгоҳи ҳамин макони оташгирифта  иқомат мекарданд. Дар натиҷаи сухтор тақрибан 60 нафар шаҳрванди Тоҷикистон молу ашё ва зиёда аз 17 нафарашон ҳуҷҷатҳояшонро аз даст додаанд.Зимни суҳбат бо роҳбарияти иншооти мазкур Симонов А.А. ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки маблағи барқарорсозии ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон ҳамчун ҷуброн аз ҷониби ин ширкат пардохта карда мешавад, хабар дод ба АМИТ “Ховар” масъули бахши матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират Каримҷон Салимзода.

Каримҷон Салимзода ҳамчунин изҳор дошт, ки  бо мақсади кӯмаки фаврӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, оқибати зарари расида ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва оқибатҳои рафъи мушкилоти дар натиҷаи сухтор ба миёномадаро муҳокима намуданд.

Маълум гардид, ки сӯхтор дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рух додааст. Ҳамчунин роҳбарияти ширкати мазкур дар таъмин кардани шаҳрвандон бо хобгоҳ, маводи либоса ва дигар лавозимоти зарурӣ омодагии худро изҳор намуданд.

АКС: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират

Октябрь 22, 2021 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?