Сиёсатмадори афғон аз кӯшиши ДИ* ҷиҳати ҷалби ҷавонон дар кишвар хабар дод
ДУШАНБЕ, 19.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии гурӯҳи террористии «Давлати Исломӣ» (ДИ)* дар Афғонистон «Вилояти Хуросон»* кӯшиш дорад, то мавқеи худро дар шимолу шарқи кишвар устувор гардонида, ҷавонони минтақаро ба гурӯҳ ҷалб намояд, изҳор дошт собиқ Раиси кумита оид ба дифоъ дар палатаи намояндагони Афғонистон Мир Ҳайдар Афзалӣ. АМИТ «Ховар» бо истинод ба INTERFAX.RU хабар медиҳад, ки ӯ дар ин бора дар Твиттер навиштааст.
«Аз ҳама аъзои хатарноктарини «Давлати Исломӣ»*, ки соле қабл қувваҳои ҳарбии афғон онҳоро дастгир намуда буданд, аз ҳабсхонаҳо озод гардиданд. Акнун онҳо даъват ба амал оварда истодаанд, то ҷавонон бо онҳо ҳамкорӣ намоянд»,-менависад Афзалӣ.
Қаблан як гурӯҳ коршиносони афғон зикр намуда буданд, ки дар рафти ҳамлаи толибон (намояндагони ҳаракати «Толибон»*) дар пешорӯи баровардани низомиёни ИМА ва НАТО дар кишвар маҳкумшудагоне аз зиндонҳо озод шуданд, ки миёни онҳо садҳо ҷониборони ДИ* ҳастанд.
Ба гуфтаи Афзалӣ, ДИ* ҳоло силоҳ ва шароити олӣ надорад, аммо ба зикри ӯ, вазъият ояндаи наздик метавонад тағйир ёбад.
Ҳоло ба экстремизм дар Афғонистон наметавон хотима дод,- афзуд сиёсатмадор.
__________________________
*Гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон
АКСҲО аз манбаъҳои боз








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






