Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 17 октябр дар шаҳри Парижи Фаронса мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 баргузор мешавад. Дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ ширкати 301 варзишгар, аз ҷумла 177 мард, 124 зан аз 48 кишвари 5 қитъаи дунё дар назар аст, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Дар мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистонро варзишгари шинохта Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг намояндагӣ мекунад. Ёдовар мешавем, ки ҳоло зиёд ё кам шудани шумораи варзишгарон дар мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 имкон дорад.
Сомон Маҳмадбеков иштирокчии мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аврупоӣ ва осиёӣ буда, нахустин чемпиони дзюдои ҷаҳон миёни ҷавонон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки моҳи октябри соли 2019 дар Марокаш соҳиби медали тилло гардид. Инчунин моҳи августи соли 2019 дар мусобиқаи дзюдои ҷаҳон миёни мардон дар Токио ширкат варзида, барандаи мақоми ифтихории 5 ва моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Осакаи Япония дар мусобиқаи бонуфузи Осака Гранд Слам — 2019 аз намуди гӯштини дзюдо мақоми сеюмро сазовор шудааст.
Паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар рейтинги ҷаҳонии дзюдо миёни ҷавонон дар мақоми 1-ум ва миёни бузургсолон (мардон) дар зинаи 16-ум қарор дорад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд






