Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 иштирок мекунад

Октябрь 12, 2021 15:01

ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16  то 17 октябр дар шаҳри Парижи Фаронса мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 баргузор мешавад. Дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ ширкати 301 варзишгар, аз ҷумла 177 мард, 124 зан аз 48 кишвари 5 қитъаи дунё дар назар аст, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.

Дар  мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистонро варзишгари  шинохта Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг намояндагӣ мекунад. Ёдовар мешавем, ки  ҳоло зиёд ё кам шудани шумораи варзишгарон  дар мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 имкон дорад.

Сомон Маҳмадбеков иштирокчии мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аврупоӣ ва осиёӣ буда, нахустин чемпиони дзюдои  ҷаҳон миёни ҷавонон аз Ҷумҳурии  Тоҷикистон мебошад, ки моҳи октябри соли 2019 дар Марокаш соҳиби медали тилло гардид. Инчунин моҳи августи соли 2019 дар мусобиқаи дзюдои  ҷаҳон миёни мардон дар Токио ширкат варзида, барандаи мақоми ифтихории 5 ва моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Осакаи Япония дар мусобиқаи бонуфузи Осака Гранд Слам — 2019 аз намуди гӯштини дзюдо  мақоми сеюмро сазовор шудааст.

Паҳлавони  шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар рейтинги ҷаҳонии дзюдо миёни ҷавонон дар мақоми 1-ум ва миёни бузургсолон (мардон) дар зинаи 16-ум қарор дорад.

                                                                    АКС аз  бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 12, 2021 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад