ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, якшанбе, 297-умин рӯзи соли 2021 аст

Октябрь 24, 2021 08:00

24 октябри соли 2012 дар шаҳри Хелсинки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ваколатдори парлумони Финландия оид ба ҳуқуқи инсон Петри Яааскела мулоқот намуданд.

***

8 сол қабл, 24 октябри соли 2013 дар шаҳри Минск Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иштирок карда, дар ҳудуди он бо тоҷикон ва ҳамватанони муқими Беларус мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ ва байни ниҳодҳои амниятии Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид.

24 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид.

***

Рӯзи байналмилалии иттилоот оид ба рушд.

***

Рӯзи кормандони дипломатии Қирғизистон.

РӮЙДОДҲО:

24 октябри соли 2012 вазъи вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Финландия баррасӣ шуданд.

***

6 сол пеш, 24 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе тафсилоти масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Япония зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб баррасӣ шуд.

***

24 октябри соли 2015 Изҳороти муштарак оид ба шарикӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония ба имзо расид.

***

Дар   ин рӯзи соли 2018  Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин устоди кафедраи забони тоҷикӣ ва адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон Холмаҳмад Холовро бо медали «Пушкин» қадрдонӣ намуд.

 ***

76 сол муқаддам, 24 октябри соли 1945 оинномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.

***

24 октябри соли 2005 дар ҷаҳон нахустин қаторае ба фаъолият оғоз намуд, ки бо гази табиӣ кор мекард. 

***

Дар ин рӯзи соли 1857 хатмкунандагони Донишгоҳи Кембриҷ дар шаҳри Шеффилди Англия аввалин шуда, дар ҷаҳон дастаи футбол  таъсис доданд.

***

24 октябри соли 1996 дар ҷануби Ветнам бар асари омадани сел 118 нафар ҷони худро аз даст доданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1986 дар Лондон нахустин мағозаи фурӯши пластинаҳои мусиқие, ки дар он садо сабт менамуданд, ба фаъолият оғоз намуд.

***

Соли 2000 дар осорхонаи мисрии Берлин ягона соядасти Клеопатра дар ҷаҳон пайдо карда шуд.  

 

Октябрь 24, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш