ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз назди МД «Наврӯзгоҳ» тавассути кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ то гулгашти Карамов муваққатан қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 22.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 23 октябр аз соати 9:00 то 10:00 бинобар гузаронидани веломарафони оммавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз назди МД «Наврӯзгоҳ» тавассути кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ то гулгашти Карамов (гардидиши Товус) қатъ мегардад, хабар доданд аз шуъбаи иттилотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ронандагони ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ хоҳиш менамояд, ки аз кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат ба кӯчаи Ҳ.Шерозӣ истифода бурда, қоидаҳои харакати роҳро риоя намоянд.
Акс аз бойгонӣ








«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд






