ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз назди МД «Наврӯзгоҳ» тавассути кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ то гулгашти Карамов муваққатан қатъ мегардад

Октябрь 22, 2021 14:15

ДУШАНБЕ, 22.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 23 октябр аз соати 9:00 то 10:00 бинобар гузаронидани веломарафони оммавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз назди МД «Наврӯзгоҳ» тавассути кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ то гулгашти Карамов (гардидиши Товус)  қатъ мегардад, хабар  доданд аз шуъбаи иттилотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ронандагони ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ  хоҳиш  менамояд, ки аз кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат ба кӯчаи Ҳ.Шерозӣ истифода бурда, қоидаҳои харакати роҳро риоя намоянд.

Акс аз бойгонӣ

Октябрь 22, 2021 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад