«ТОҶИКИСТОН ДАР ОСТОНАИ СИСОЛАГИИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ: МУШКИЛОТ, ҲАЛЛИ ОНҲО ВА ДУРНАМО». Таҳти чунин унвон мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Евразийский экономический журнал» нашр гардид

Октябрь 5, 2021 13:22

ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шумораи №7 (158)-и «Евразийский экономический журнал» («Маҷаллаи ҳуқуқии АвруОсиё») таҳти унвони «Тоҷикистон дар остонаи сисолагии соҳибистиқлолӣ: мушкилот, ҳалли онҳо ва дурнамо» мусоҳибаи Пешвои миллат бо ин маҷалла нашр гардидааст, ки дар он вобаста ба дастовардҳо дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон, сиёсати хориҷӣ ва пешравиҳои илмии тоҷик сухан меравад. Бояд гуфт, ки  «Евразийский юридический журнал» маҷаллаи илмӣ ва илмӣ-амалӣ мебошад ва  ба рӯйхати маҷаллаҳо ва нашрияҳои пешбарандаи илмӣ дохил карда шудааст. Дар он бештар андешаҳои намояндагони пешбари илми ҳуқуқшиносӣ аз Русия ва кишварҳои ИДМ чоп мешаванд. 

Дар зер мусоҳибаи мазкур манзур мешавад.

«Евразийский юридический журнал»: — Ҷаноби Президент, Тоҷикистон дар тӯли сӣ соли соҳибистиқлолии худ ба дастовардҳои зиёд ноил гардид.  Кадоме аз ин дастовардҳо аз назари Шумо шоистаи таваҷҷуҳанд?

Эмомалӣ Раҳмон: — Дар тӯли сӣ соли истиқлолияти давлатӣ, бо вуҷуди душвориҳо ва монеаҳои зиёд, мо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузошта, дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, иҷтимоиёт ва муҳимтар аз ҳама, дар самти баланд бардоштани сатҳ ва сифати ҳаёти мардуми кишварамон ба дастовардҳои намоён ноил гардидем.

Вале неъмати арзишмандтарин ва дастоварди бузургтарини мо соҳибистиқлолӣ мебошад.

Ба шарофати истиқлол, сулҳ, оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо барои дастёбӣ ба ҳадафҳои стратегии миллиамон заминаҳои заруриро муҳайё сохтем.

Дар муҳлати начандон зиёди таърихӣ ба мо муяссар гардид, ки даҳҳо лоиҳаҳои муҳими саноатӣ, энергетикӣ ва иҷтимоиро дар амал татбиқ намуда, ҳазорҳо километр роҳ, нақб ва пулҳои муосир бунёд намоем, ки онҳо ҳоло ба манфиати мардуми Тоҷикистон истифода шуда истодаанд.

Қабули рамзҳои давлатдорӣ, ба монанди Парчами давлатӣ, Суруди миллӣ ва Нишони миллӣ, ба гардиш ворид намудани асъори миллӣ, муҳайё кардани шароити мусоид барои рушди забон, фарҳанг ва эҳёи ойину анъанаҳои миллиро мо ба шарофати соҳибистиқлолӣ, сулҳи пойдор, субот ва ваҳдати миллӣ ба даст овардем.

Аз оғози соҳибистиқлолӣ мо ба соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла ба рушди фарҳанг ҳамчун рамзи симои ахлоқии мардум, ифодакунанда ва инъикоскунандаи таърихи гузашта ва имрӯза, расму ойинҳо, арзишҳои дигари миллӣ, ки дар вуҷуди инсон сифатҳои некро тарбия мекунанд, таваҷҷуҳи махсус равона намудем.

Ҳуҷҷати тақдирсоз – Конститутсияи мамлакат, ки яке аз аввалинҳо шуда, дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва таҳкурсии эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро гузошт, ҳамчунин самари истиқлоли давлатӣ мебошад.

Давоми 30 сол мо ба ташаккули ҳувияти миллӣ аҳамияти аввалдараҷа дода, як наслро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ тарбия намудем ва имрӯз бо итминон гуфта метавонем, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамонро ба дастони боэътимод месупорем.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ низоми самарабахши мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, судӣ ва иҷроия ташаккул ва такмил дода, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти онҳо эҷод ва таҳким дода шуданд.

Дар ин давра низоми муосири судӣ ба вуҷуд оварда шуд, ки ба сифати шохаи мустақил ва соҳибихтиёри ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки амалисозии онҳо ба таҳкими ҳокимияти судӣ, мукаммалсозии қонунгузорӣ ва кафолати амалисозии принсипи конститутсионии «баробарии ҳама дар назди қонун» мусоидат намуд.

Мо дар баробари се ҳадафи стратегӣ ба хотири таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ тавассути ҳадафи чаҳорум кӯшишҳои худро барои саноатикунонии босуръати мамлакат муттаҳид намудем.

Расидан ба ин ҳадаф Тоҷикистони моро аз кишвари аграрию саноатӣ ба кишвари саноатию аграрӣ табдил медиҳад ва имконияти зиёдро барои рушди бемайлони он фароҳам месозад.

Қобили зикр аст, ки яке аз вазифаҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад ва мо дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Ва имрӯз бо итминон гуфта метавонам, ки Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шуд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии иннвеститсионӣ беш аз 2,1 ҳазор километр роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ва беш аз 1 ҳазор километр роҳҳои автомобилгарди дохилӣ бунёд ва таҷдид карда шуданд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардида, ду агрегати ин иншооти бузурги аср бомуваффақият ба истифода дода шуд, неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1»,  «Сангтӯда – 2» ва «Помир – 1» ба истеҳсоли барқ оғоз карданд, ки ин ба мо имкони гузоштани боз як қадами устуворро дар роҳи таъмини истиқлоли энергетикии кишвар муҳайё намуд.

Дар ин раванд беҳсозӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳамчунин ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масири асосӣ дар фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мо ин сиёсатро бо истифода аз ҳама захираву имконият минбаъд низ устуворона идома медиҳем.

 «Евразийский юридический журнал»:  —  Шумо зикр намудед, ки неъмати арзишмандтарини сӣ соли гузаштаи Тоҷикистон ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ буд. Ба назари Шумо давлати Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол ба кадом мушкилоту монеаҳо дучор гардид?

Дар солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон мебоист роҳи сангини муколамаи байни тоҷиконро, ки ба фароҳам овардани шароити мусолиҳаи миллӣ равона шуда буданд, паси сар кунад.

Дар ин бобат Шумо чӣ гуфта метавонед ва Шумо оид ба татбиқпазирии таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон дар дигар минтақаҳои кураи Замин чӣ андеша доред?

Эмомалӣ Раҳмон: — Бо ба даст овардани истиқлол Тоҷикистон роҳи мустақилро ба хотири бунёд ва рушди давлатдории соҳибихтиёрии миллӣ оғоз намуд.

Эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 бузургтарин рӯйдод дар таърихи муосири халқи тоҷик буд.

Саҳифаи нави замонӣ дар таърихи муосири мамлакати мо аз ин сана оғоз меёбад.

Аммо солҳои аввали истиқлол бинобар як қатор омилҳо барои Тоҷикистон осон ва одӣ набуданд.

Кишвар ба душвориҳо ва мушкилоти азими иқтисодӣ ва сиёсӣ дучор омад.

Дар натиҷаи суқути низоми ягонаи иқтисодии Иттиҳоди Шӯравии собиқ истеҳсолот дар Тоҷикистон якбора коҳиш ёфт ва коҳиши ММД ба 70 фоизи ҳаҷми умумии он расид.

Дар сафи пеши ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар неруҳои гуногуни сиёсӣ пайдо шуданд.

Муборизаи шадид барои соҳиб шудан ба мавқеи ҳукмрон дар ҷомеа байни онҳо ҷараён гирифт.

Гузашта аз ин, баъзе неруҳои беруна саросемавор ба амалисозии нақшаҳои геополитикии худ нисбат ба Тоҷикистон шурӯъ карданд.

Дере нагузашта, кишвар ба вартаи ҷанги таҳмилӣ гирифтор гардид, ки ин бузургтарин фоҷиа буд.

Тоҷикистон ба нуқтаи бесуботтарину доғ дар фазои пасошӯравӣ табдил ёфт.

Буҳрони сиёсии дохилии Тоҷикистон, ки тирамоҳи соли 1991 оғоз ёфт, бо чанд сабаб ба вуҷуд омад.

Ин, пеш аз ҳама, вазъи иқтисодии то он замон ҳукмрон ва рушди босуръати ҳизбҳо ва ҷунбишҳои исломӣ бо даъвои қудрати сиёсӣ буд.

Муборизаи шадиди байни элитаи собиқи коммунистӣ, неруҳои миллии демократӣ ва исломӣ вазъиятро тезутунд гардонид ва дар натиҷа ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид.

Моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI ғайринавбатӣ, таърихӣ ва тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти конститутсионии кишварро барқарор кард.

Солҳои 1992 – 1993 раванди баргардонидани гурезаҳо ба ҷойҳои истиқомати доимӣ оғоз ёфт ва корхонаву муассисаҳо ва хоҷагиҳо тадриҷан ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Соли 1994 ба таърих ҳамчун соли оғози бунёди пояҳои давлати ҷавони Тоҷикистон ворид гардид.

Ба ташаббуси роҳбарияти олии кишвар раванди гуфтушуниди байни тоҷикон оғоз ёфт.

Бо вуҷуди мушкилоти бисёри сиёсӣ ва иҷтимову иқтисодии дохилӣ ва инчунин идомаи муқовимати низомӣ аз ҷониби мухолифини мусаллаҳи тоҷик, Тоҷикистон ба самти татбиқи ислоҳоти куллии сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ роҳ пеш гирифт.

Пеш аз интихоботи парламентӣ дар соли 1995 ҳаёти сиёсии мамлакат бо пайдошавии ҳизбҳои нав пурҷӯшу хурӯш гардид.

Қонуни нав оид ба интихоботи парламент ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ низоми бисёрҳизбии интихобот ва иштироки ҳизбу ҳаракатҳои гуногунро дар интихобот тасдиқ намуд.

Муноқишаи байни тоҷикон яке аз бузургтарин ва хунрезтарин рӯйдодҳои тамоми қаламрави пасошӯравист, ки боиси оқибатҳои вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ гардида, ба раванди сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистони соҳибихтиёр таъсири ҷиддӣ расонид.

Се солу се моҳ зарур буд, ки пас аз тӯлонитарин ва мушкилтарин музокироти байни тоҷикон санади тақдирсози деринтизор, ки ба таърихи халқи тоҷик ҳамчун «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ворид гардид, ба имзо расонида шавад.

Аз соли 1994 то 1997 байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик 9 даври пурраи гуфтушуниди байни тоҷикон ва 3 машварати мобайнӣ баргузор гардид.

Дар раванди музокирот, ки дар давлатҳои гуногуни дуру наздик доир гардид, беш аз бист вохӯрии расмӣ байни намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик баргузор карда шуд.

Ва ниҳоят, 27 июни соли 1997 пас аз имзои санади таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон байни Ҳукумати қонунӣ ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар шаҳри Москва сулҳи деринтизор ба даст омад.

Ин музокирот таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ва бо иштироки кишварҳои кафили сулҳи Тоҷикистон, ки дар ноил шудан ба сулҳи устувори Тоҷикистон ва имзои созишнома саҳми назаррас гузоштанд, баргузор гардид.

Вобаста ба қисми дуюми саволи Шумо мехостам ба нуктаҳои зерин мухтасар таваққуф намоям: пеш аз ҳама, мехоҳам зикр намоям, ки неруи асосии пешбарандаи раванди сулҳ мардуми Тоҷикистон буданд, ки саъю кӯшиши Ҳукумати худро дар ин самт ба таври қатъӣ дастгирӣ карданд.

Ҷалби васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои он ба раванди сулҳофарӣ хусусияти дигари таҷрибаи тоҷикон буд.

Дастгирии доимии сиёсии муколамаи байни тоҷикон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид омили муҳимми муваффақият дар ин роҳ гардид.

Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд дар чаҳорчӯби амалиёти сулҳҷӯёнаи худ нақши махсус бозид.

Таҷрибае, ки дар ҳамкории гуногунҷанба дар татбиқи вазифаҳои посдории сулҳ ба даст омад, барои омӯзиши васеи хусусияти ин раванд имконияти иловагӣ фароҳам овард.

Натиҷаҳо тасдиқ карданд, ки таҷрибаи сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон метавонад намунаи ҳалли низоъҳо дар дигар минтақаҳои ҷаҳон бошад, зеро кам мисолҳое мавҷуданд, ки низоъ бо чунин миқёс дар муддати кӯтоҳ бомуваффақият бартараф карда шавад.

«Евразийский юридический журнал»: —  То ҷое, ки ба ман маълум аст, барои таҳкими сулҳ ва суботи сиёсии Тоҷикистон дар давраи баъд аз низоъ консепсияи «ваҳдати миллӣ» пешниҳод карда шуд. Он дар раванди расидани кишвар ба масири рушди устувор чӣ нақш бозид?

Эмомалӣ Раҳмон: — Ваҳдати миллии Тоҷикистон воқеан сарвати бузург, тақдирсоз ва муқаддасест, ки тамоми пешрафт ва дастовардҳои давлати мо аз он оғоз меёбанд ва ин пешрафту дастовардҳо боиси зиндагии шоистаи мардуми мо гардиданд.

Ваҳдати миллӣ барои мавҷудияти миллати куҳанбунёди мо ҳамчун забони модарӣ ва дигар асосҳои давлатдории мо нақши тақдирсоз дорад.

Ваҳдати миллӣ барои мо – ин ҷавҳари тақдири мо, шарти асосии пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осоишта ва аз ҳама муҳим, кафолати ҳамбастагии саросарӣ ва хушбахтии ҳамаҷонибаи мардум барои имрӯз ва оянда мебошад.

Бо қабули санади «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» сулҳи деринтизор дар саросари кишвар фаро расид ва ин рӯйдоди бузург барои бунёдкориву созандагӣ дар сарзамини ниёгони мо замина гузошт.

Дар замоне, ки сокинони Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба кори созандагӣ машғуланд, мо ҳама дастовардҳои худро ба суботи ҷамъиятиву сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ марбут медонем.

Ба ибораи дигар, ваҳдати миллӣ маҳсули ғояи миллии мост. Зеро ғояи миллӣ ва фарҳанги ҳувият, ки дар оғозгоҳи тамаддуни халқи тоҷик қарор дошт, мардумро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор кунанд, тамомияти арзии кишварро ҳифз намоянд, миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нобудӣ наҷот дода, бо ҳамин роҳ шароитро барои рушди давлати соҳибихтиёри муосир фароҳам оваранд.

Миллати тоҷик таърихан ва табиатан миллати сулҳпарвару тамаддунсоз ва созанда аст.

Сулҳҷӯии мо дар тӯли таърихи чандинҳазорсола нишонаи ақлу хирад ва таҳаммулгароии халқи мо ва гувоҳи равшани фарҳанги қадимӣ ва анъанаҳои созандаи он мебошад.

Мардуми мо, сарфи назар аз ҳама душворӣ ва монеаҳое, ки дар сари роҳашон вуҷуд доштанд, дар тамоми мавҷудияти худ ҳувият ва хиради азалии худро ҳифз намудаанд.

Маҳз ҳамин хислатҳои азалӣ ва ифтихори миллӣ, ки мардуми моро ба сӯи ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳ ва оштӣ ҳидоят кардаанд, имрӯз роҳи онро барои бунёдкорӣ, ободонии Ватан, ҳимоя ва таҳкими дастовардҳои истиқлолият мунаввар месозанд.

Бешубҳа, ваҳдати миллӣ дар таърихи муосири миллати куҳанбунёди тоҷик дастоварди бузург ва бесобиқа аст.

Ваҳдати миллӣ на танҳо асоси сулҳу суботи ҷомеа, балки кафолати рушди давлат ва некӯаҳволии мардум мебошад.

Имрӯз мо ин неъмати бебаҳоро ба даст овардаем, аммо боз ҳам бояд кӯшиш кунем, ки Тоҷикистонро бо кишварҳои демократии пешрафтаи ҷаҳон баробар намоем.

Мо бояд мушкилоти дигареро, ки дар ҷомеа мавҷуданд, бартараф кунем.

Итминони комил дорам, ки мо ҳама якҷо монеаҳои мавҷударо паси сар мекунем ва ҳама корҳоро бо дастгирии бевоситаи мардумамон анҷом медиҳем.

Барои ин ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд дар фикру андеша ва амали худ эҳсоси ваҳдат дошта бошад, ба хотири таҳкими минбаъдаи он талош намояд ва онро ҳамчун туҳфаи бебаҳо қадр кунад.

Ба шарофати ваҳдати миллӣ ҳоло дар кишвар тадбирҳо оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодии давлат фаъолона амалӣ мегарданд, корҳои созандагӣ дар қаламрави он вусъат мегиранд ва ба ин васила сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат сол ба сол боло меравад.

Таъкид месозам, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мушкилоти дар ин самт мавҷударо хуб медонанд ва барои бартараф намудани онҳо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Тавре ки борҳо гуфтаам, ин мушкилот муваққатӣ мебошанд ва барои бартараф кардани онҳо танҳо вақт, сабру таҳаммул, ваҳдати миллӣ ва кори созанда лозим аст.

Бовар дорам, ки тавассути саъю талошҳои дастҷамъона мо ба ҳадафҳои стратегии худ вобаста ба таъмини истиқлоли энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумамон муваффақ хоҳем шуд.

«Евразийский юридический журнал»: — Ба назари Шумо, муҳимтарин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати хориҷӣ дар давраи истиқлолияти давлатӣ кадомҳоянд?

Эмомалӣ Раҳмон: — Пеш аз ҳама, мехоҳам таъкид намоям, ки ҳар давлат сарфи назар аз мақомаш, яъне новобаста ба ин ки давлати абарқудрати ҷаҳонӣ ё минтақавӣ, мутараққӣ ё суст рушдёфта аст, сиёсати хориҷии худро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ амалӣ мегардонад.

Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлол ба сӯи татбиқи сиёсати мустақилона, санҷидашуда ва ҳамаҷониба мутавозини хориҷӣ, ки асоси онро доктринаи «дарҳои кушода» ташкил дода, баъдан он дар Консепсияи сиёсати хориҷӣ (соли 2002) сабт гардид, роҳ пеш гирифт.

Дар тӯли 30 соли истиқлол Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судмандро бо аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври мунтазам ва босуръат рушд дод ва идома дода истодааст.

Имрӯз Тоҷикистон бо 179 кишвари ҷаҳон муносибатҳои мукаммали дипломатӣ барқарор карда, онҳоро муваффақона густариш медиҳад ва узви фаъоли ҳамаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Равобити мо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё, Аврупо ва Амрикои Шимолӣ дар заминаи дуҷониба ва дар доираи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавии ҳамкории бисёрҷониба фаъолона рушд мекунанд.

Мо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин равобити стратегӣ дорем.

Ҳамчунин ҳамкории мо бо кишварҳои исломӣ дар сатҳи баланд қарор дорад.

Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки робитаҳои худро бо кишварҳои Африқо ва Амрикои Лотинӣ низ вусъат бахшем.

Муносибатҳо бо як қатор шарикони анъанавии мо стратегӣ шудаанд.

Дар байни онҳо яке аз шарикони асосии мо – Федератсияи Русия мавқеи махсусро ишғол мекунад.

Ба шарофати татбиқи амалии сиёсати хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намуд.

Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ барои пешбурди ташаббусҳои созандаи худ дар сатҳи ҷаҳонӣ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он фаъолона истифода мебарад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ, алахусус дар масъалаҳои об шинохта шудааст.

Давоми солҳои истиқлол Созмони Милали Муттаҳид 4 ташаббуси ҷониби Тоҷикистонро дар соҳаи об дастгирӣ намуд: Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 – 2015, Соли байналмилалии об барои ҳамкорӣ (соли 2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028.

Дар баробари Созмони Милали Муттаҳид, мо дар таҳияи қарорҳои қобили қабул оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаи амният дар доираи Созмони Амнияти Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), Сазмони Аъзои Амнияти Дастҷамъӣ (СААД), Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (СҲИ) ва як қатор дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо шарикони                  рушд – ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ фаъолона ҳамкорӣ дорем.

Баробари мустаҳкам гардидани мавқеи худ дар арсаи байналмилалӣ ва бо дарназардошти воқеиятҳои нави ҷаҳонии дар остонаи даҳаи дуюми асри 21 бавуҷудомада ва зарурати мутобиқ гардонидани манфиатҳои миллӣ ба ин воқеиятҳо мо соли 2005 Консепсияи нави сиёсати хориҷии давлатамонро қабул кардем.

Ин санади консептуалӣ ҳадафу вазифаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муайян карда, афзалиятҳои фаъолияти моро дар арсаи байналмилалӣ, ки ба парадигмаи классикии сиёсати хориҷӣ – фароҳам овардани мусоидтарин шароити берунӣ барои рушди устувори кишвар асос ёфтааст, тавсеа медиҳад ва мушаххас месозад.

Ҳамаи ин муваффақиятҳо, ба бовари ман, намоёнтарин дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар солҳои истиқлол мебошанд.

 «Евразийский юридический журнал»: —  Ҷаноби Президент, ба андешаи Шумо сатҳи рушди ниҳодҳои давлатии ҳокимият ва ҳуқуқҳо дар Тоҷикистон имрӯз чӣ гуна арзёбӣ мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон: — Бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли ҳамаи давлатҳои пасошӯравӣ ба ташкили давлати соҳибихтиёр, муайян кардани заминаи низоми иҷтимоӣ ва давлатӣ, ташаккули ниҳодҳои ҳокимият, низоми нави қонунҳо ва қонунгузорӣ шурӯъ кард.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 заминаи ҳуқуқии ташаккули шохаҳои миллии ҳуқуқ ва низоми қонунгузорӣ гардид.

Дар баробари соҳаҳои анъанавии ҳуқуқ (конститутсионӣ, маъмурӣ, шаҳрвандӣ, молиявӣ, ҷиноӣ ва ғайра), ки ба таври назаррас таҷдид карда шуданд, як қатор соҳаҳои нави ҳуқуқ ба вуҷуд омаданд (соҳибкорӣ, бонкдорӣ, андоз, нақлиёт ва ғайра).

Вақте ки муносибатҳои нави иҷтимоӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, давлат ва шахс инкишоф меёбанд, санадҳои ҳуқуқии дахлдори танзимкунандаи онҳо қабул карда мешаванд.

Дар заминаи онҳо меъёрҳо, ниҳодҳо, зерсоҳаҳо ва соҳаҳои ҳуқуқ ба вуҷуд меоянд ва такмил меёбанд.

Ин ҳолат дар назди муҳаққиқон вазифа мегузорад, ки муносибатҳои нави иҷтимоӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии танзимкунандаи онҳоро мунтазам омӯзанд, таҳлил кунанд, хулосаҳои мувофиқ бароранд ва барои рушду такмил додани онҳо пешниҳодҳо таҳия намоянд.

Дар ҳуқуқи конститутсионии Тоҷикистон дар ин давра якчанд ниҳоди нав, аз қабили тақсими ҳокимият, гуногунандешии сиёсӣ, афзалияти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, парламентаризм, низоми президентӣ, худидораи маҳаллӣ ва ғайра ба вуҷуд омаданд.

Дар баробари ин, соҳаҳои дигари ҳуқуқ низ рушд ва такмил меёбанд.

Таҳияи таҳрири нави Кодекси гражданиро ба сифати мисол овардан мумкин аст, ки воқеиятҳои иқтисодии имрӯзаро инъикос карда, муносибатҳои нави иҷтимоиро, ки ба рушди устувори иқтисодӣ мусоидат мекунанд, танзим менамояд.

Ҳоло чандин соҳаҳои муосири илм, ба монанди ҳуқуқи иттилоотӣ, ҳуқуқи иқтисодӣ, ҳуқуқи бонкӣ, ҳуқуқ дар соҳаи энергетика ва об ва монанди инҳо мавзӯи таҳлили амиқи назариявии олимони ҳуқуқшиноси мо қарор гирифтаанд.

Зеро ин самтҳои назариявӣ дар илми муосир ҳанӯз ба қадри кофӣ таҳқиқ нагардидаанд ва хусусиятҳои хоси онҳо муайян карда нашудаанд.

Бо вуҷуди ин, олимони тоҷик дар асоси пажӯҳишҳои худ хулосаҳои муайяни назариявӣ ва амалӣ бароварда, пешниҳодҳои мушаххас ба миён гузоштаанд.

«Евразийский юридический журнал»: — Тоҷикистон давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ба андешаи Шумо, Конститутсияи Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатии кишвар чӣ нақш мебозад ва натиҷаҳои асосии ислоҳоти конститутсионӣ дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Эмомалӣ Раҳмон: — Ғояи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҳол баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба миён омад ва соли 1994 дар қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи тартиби қабул ва амалӣ намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабт гардид, ки дар он, аз ҷумла барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон, таъмини кафолатҳои мукаммалтар ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Моҳи ноябри соли 1994 раъйпурсӣ баргузор гардид ва Конститутсияи нави кишвар қабул шуд, ки принсипҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ва қонунмандии онро муқаррар намуд.

Ислоҳоти конститутсионӣ минбаъд низ идома пайдо кард, зеро бо рушди ҷомеа ва давлат, хусусан, дар давраи гузариш аз як давра ба давраи дигар зарурати такмили ҷузъии меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузории амалкунанда ба миён меояд.

Бо дарназардошти ин, 26 сентябри соли 1999 ба Конститутсия тағйироти зерин ворид карда шуданд:

а) парлумони дупалатагӣ таъсис дода шуд;

б) интихоботи аъзои палатаи поёнӣ дар асоси овоздиҳии баробар, мустақим ва пинҳонӣ гузаронида мешавад;

в) 75 фоиз аъзои палатаи болоӣ тавассути овоздиҳии ғайримустақим тавассути мақомоти намояндагии маҳаллӣ интихоб мешаванд ва 25  фоиз боқимондаро Президент таъйин мекунад;

г) Шӯрои адлия таъсис дода шуд, ки дар интихоб ва таъйин намудани судяҳои сатҳҳои гуногун иштирок мекунад.

Самти муҳимтарини ислоҳоти конститутсионӣ дар Тоҷикистон тасдиқи ниҳоди президентӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон ниҳоди президентӣ ба модели устувор ва анъанавӣ табдил ёфт, ки он на танҳо аз доктринаи конститутсионӣ ва амалияи сиёсӣ, балки аз хусусиятҳои миллии кишвар бармеояд.

Вазъи ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари давлат ва ҳокимияти иҷроия бо маҷмӯи меъёрҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқие муайян карда мешавад, ки салоҳияти ӯро дар соҳаҳои гуногуни идоракунии давлатӣ таъмин мекунанд ва дар боби IV Конститутсияи кишвар дарҷ шудаанд.

Ҳамзамон бо ин, тибқи меъёрҳои ин боб табиати ҳуқуқии вазифаи президент танҳо дар соҳаи ҳокимияти иҷроия маҳдуд намешавад ва моҳиятан дорои сифатҳои универсалӣ мегардад.

Ба фаъолияти ӯ, масалан, ваколатҳо дар соҳаи қонунгузорӣ шомиланд (имзо кардани қонун, ҳуқуқи гузоштани «вето» ва ғайра.), президент дар соҳаи ҳокимияти судӣ салоҳият дорад, масалан, ҳуқуқи афвкунӣ, таъйин ва озод кардани судяҳо ва ғайра.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли президентии идоракунӣ дар шакли классикии худ, ки нақши фаъоли президентро пешбинӣ менамояд, зарурате буд, ки онро вақт ва вазъе, ки Тоҷикистон дар он солҳо қарор дошт, ба миён гузошта буд.

Аз ин рӯ, мардуми Тоҷикистон бо қабули Конститутсия интихоби худро ба дастгирии ниҳоди президентӣ анҷом доданд.

Дар илми идоракунӣ омилҳое таҳия шудаанд, ки муваффақияти татбиқи ташаббусҳои президентро муайян мекунанд.

Масалан, вобаста набудани қарорҳо, возеҳ будани шарҳи онҳо, ошкорбаёнии амалҳо, иҷрошаванда будани қарорҳо, устувории ирода ва монанди инҳо аз ҷумлаи омилҳои зикршуда мебошанд.

Маҷмӯи шартҳои дар боло овардашуда имкон медиҳад, ки қувва ва қудрати идоракунии давлатӣ ба таҳияву татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои азиму тақдирсоз барои рушди кишвар сафарбар карда шавад.

Ҳадафҳои асосӣ ва бартариҳои ниҳоди президентӣ маҳз дар ҳамин ифода меёбанд.

«Евразийский юридический журнал»: — Илм дар ҷаҳони муосир давраи душворро аз сар мегузаронад. Ин ҳам ба илмҳои дақиқ ва ҳам ба илмҳои гуманитарӣ дахл дорад. Имрӯз ҷомеаи илмии Тоҷикистонро кадом мушкилот нигарон кардааст?

Эмомалӣ Раҳмон: — Рушди устувори ҳар давлат бидуни рушди бемайлони илм, ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои муосир дар истеҳсолот ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷомеа ғайриимкон аст.

Илм ва маориф дар байни халқи тоҷик таърихи тӯлонӣ доранд, ки мероси илмии он дар доираи робитаҳои судманд ва фарҳангҳои Аврупо ва Осиё ташаккул ёфтааст.

Мо тоҷикем ва ифтихор дорем, ки мутафаккирони бузурги асрҳои миёна- Абӯалӣ ибни Сино, ал – Берунӣ, Закариёи Розӣ ва дигарон, ки дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла илмҳои табиатшиносӣ, тиб, риёзиёт, нуҷум ва улуми дигар саҳми бузург гузоштаанд, намояндагони арзандаи халқи тоҷик мебошанд.

Номҳои олимони тоҷик, аз қабили директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, академик Бобоҷон Ғафуров, академик Муҳаммад Сайфидинович Осимӣ ва дигарон дар таърихи илм абадӣ сабт шудаанд.

Дар даврони сохти гузашта илми тоҷик дар соҳаи илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи рушди устувор ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ қарор дорад.

Дар ин марҳала кӯшишҳои мо барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар равона карда шудаанд.

Барои ноил гардидан ба ин ҳадаф зарур аст, ки илм бо истеҳсолот робитаи мустаҳкам дошта бошад, ки ин имконияти дар истеҳсолоти кишвар татбиқ намудани технологияҳои муосир, дастовардҳои илмиву техникӣ ва инноватсияҳоро фароҳам меоварад.

Барои иҷрои нақшаи пешбинишуда мо, албатта, ба неруи илмии кишварамон такя мекунем.

Аз солҳои 2000 – ум то имрӯз соҳаи илм ва маориф яке аз самтҳои афзалиятноку стратегии сиёсати давлат ва фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Солҳои охир мо тавассути қабули якчанд ҳуҷҷатҳои барномавӣ ва стратегӣ дар соҳаи илм ислоҳоти ҷиддӣ анҷом додем, ки он то андозае ба рушди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ саҳм гузошт ва барои ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ имконияти васеъ ба вуҷуд овард.

Ғайр аз ин, барои татбиқи ин самти стратегӣ ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмиву техникии ватанӣ ҳам дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва ҳам берун аз он диққати калон дода мешавад.

Ҳоло беш аз 40 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои кишварҳои пешрафтаи узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд.

Аксари онҳо дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиӣ, муҳандисӣ ва технологияҳои инноватсионӣ таълим мегиранд.

Бовар дорам, ки бо кумаки чунин кадрҳои ҷавони баландихтисос мо ҳалли муваффақонаи вазифаҳои таъхирнопазири кишварро дар соҳаҳои илму маориф, техника ва технологияҳои нав таъмин хоҳем кард.

Илм ҳамчун қувваи истеҳсолӣ бояд ба истеҳсолот таъсири доимӣ дошта бошад.

Бо мақсади ба фаъолияти илмиву техникӣ наздик кардани илм ва баланд бардоштани нақши он дар ҷомеа, рушд ва таҳкими неруи зеҳнӣ мо солҳои 2020 – 2040 – ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон кардем.

Ҳадаф аз ин иқдом ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа ва алалхусус, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ мебошад.

Иқдоми зикршуда ба дарёфти кадрҳои ҷавони болаёқат равона карда шудааст, ки қобилияти ба таври куллӣ тағйир додани неруи зеҳнии миллатро дошта, дар илм, ихтироот, инноватсия, технология, муҳандисӣ ва дигар соҳаҳои муҳимми илмиву техникии ҷомеа навоварӣ кунанд.

Зеро пешрафти илмиву техникии тамоми ҷомеа бидуни ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди тафаккури техникӣ ғайриимкон аст.

Солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон ба таъмин намудани пешрафти соҳаи инноватсия дар кишвар ва ташкили низоми муассири инноватсионӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода истодааст, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатнокии истеҳсолот, ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ баровардани маҳсулоти инноватсионӣ, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ равона шудааст.

Ин раванд ба ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат намуда, заминаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳуқуқии рушди кишварро фароҳам меоварад.

Кӯшишҳои мо ба таъмин намудани робитаи зич ва самарабахши илм бо истеҳсолот, васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои муосир, дастовардҳои илмиву техникӣ ва навовариҳо дар саноати кишвар сафарбар шудаанд.

Бо дарназардошти аҳамияти стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии босуръати кишвар барои пайвастани илм бо истеҳсолот, таҳияи механизми самарабахши ҳамкории вазорату идораҳои дахлдор соҳибкорон, ихтироъкорон, навоварон, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои дахлдор моҳи сентябри соли 2020 мо дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратии Шӯрои илм, маориф ва инноватсия таъсис додем.

Ҳадафи асосии ин шӯро ҳалли мушкилоти мавҷуда дар соҳаи илм, маориф, инноватсия ва мусоидат ба рушди ин соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа мебошад.

Мо нақши пешбарандаи Академияи илмҳои Тоҷикистонро дар рушди илм эътироф намуда, мақоми онро тағйир додем.

Дастовардҳои охири олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ гувоҳи мустаҳкам шудани мавқеи илм ва нақши он дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ва иқтидори илми ватанӣ мебошанд.

 «Евразийский юридический журнал»: —  Тоҷикистон шарики стратегии Русия мебошад. Шумо муносибатҳои кунунии Русияву Тоҷикистонро чӣ гуна тавсиф ва дурнамои рушди онҳоро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Эмомалӣ Раҳмон: — Болотар зикр кардам, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ бо Федератсияи Русия дар низоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи махсусро ишғол мекунанд.

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ пеш мебарад.

Тоҷикистон бинобар мавқеи ҷуғрофии худ дар маркази буриши манфиатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ қарор дошта, сиёсати ҳадафмандонаи хориҷиро дар шароити муосир амалӣ месозад ва чунин сиёсатро дар ояндаи наздик низ амалӣ хоҳад кард.

Яке аз ҳадафҳои асосии мо рушду густариши минбаъдаи робитаҳои ҳамаҷониба бо Федератсияи Русия мебошад.

Робитаҳо бо Русия дар асоси принсипҳои баробарӣ, манфиати тарафайн ва шарикии стратегӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, ҳарбӣ ва ҳарбиву техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва бисёр соҳаҳои дигар, ки ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошанд ва омили муҳимми амнияти минтақавӣ мебошанд, бомуваффақият тавсеа ёфта истодаанд.

Асоси шаклҳои нави ҳамкорӣ дар шароити рушди мустақил дар Протоколи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар, ки 8 апрели соли 1992 ба имзо расида буд, гузошта шудааст.

Аз он замон то имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар ҳама самтҳо тараққӣ карданд ва устуворона рушд карда истодаанд.

Имрӯз Федератсияи Русия шарики асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тоҷикистон муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаро бо Федератсияи Русия баланд арзёбӣ мекунад ва барои рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба бо ин кишвар ҳамеша саъй менамояд.

Мехоҳам, пеш аз ҳама, сатҳи баланди робитаҳои сиёсиро зикр намоям, ки омили муҳими пешбурди тамоми доираи ҳамкории дуҷониба мебошанд.

То имрӯз байни кишварҳои мо беш аз 150 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидаанд, ки ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра ба танзим медароранд.

Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон мебошад ва беш аз сӣ фоизи тамоми гардиши савдои хориҷии мо бо ин кишвар амалӣ мегардад.

То имрӯз Тоҷикистон бо 80 минтақаи Федератсияи Русия муносибатҳои судманд барқарор кардааст.

Тоҷикистон ба рушд, таҳким ва идомаи муносибатҳои ҳамаҷониба бо Русия хеле манфиатдор аст.

Аз ин рӯ, густариши минбаъдаи робитаҳои гуногунҷабҳа бо ин кишвари дӯст муҳимтарин ҳадафи сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.

Дар шароити кунунии вазъи байналмилалӣ бо таҳдиди афзояндаи терроризм ва экстремизм шарикии стратегӣ ва муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон омили нигоҳдорӣ ва таҳкими субот дар минтақа мебошанд.

Бовар дорам, ки таҷрибаи ғании ҳамкории мутақобилан судманд, ҳадафҳо ва вазифаҳои муштарак, иродаи сиёсии роҳбарияти ду кишвар минбаъд низ ба рушду тавсеаи ҳама ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия мутобиқи манфиатҳои бунёдии халқҳои мо хизмат менамоянд.

Мавзӯи муносибатҳои Тоҷикистону Русияро ҷамъбаст намуда, мехостам дар бораи рушди самараноки ҳамкории ду кишвар дар соҳаи фарҳангиву гуманитарӣ алоҳида изҳори назар намоям.

Ин раванд бо кушодани намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии «Россотрудничество» ва Маркази иттилоотӣ ва фарҳангии Бунёди «Русский Мир» тақвият пайдо кард.

Ҳоло дар баробари Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон филиалҳои се донишгоҳи пешрафтаи Москва – Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «МИСиС» ва Донишгоҳи миллии тадқиқотии «MЭИ» фаъолият мекунанд.

Таъсиси филиали донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон самти умедбахши таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи гуманитарӣ мебошад.

«Евразийский юридический журнал»: — Муҳтарам Ҷаноби Президент, барои мусоҳиба ва суҳбати ҷолибу пурмазмун ташаккур мегӯем. Дар хулоса саволи анъанавии мо: Шумо ба кормандон ва хонандагони «Маҷаллаи ҳуқуқии Авруосиё» чӣ орзу мекардед?

Эмомалӣ Раҳмон: — Ман аз имконияте, ки барои изҳори назар дар саҳифаҳои маҷаллаи шумо, суҳбат дар бораи мушкилот ва дурнамои Тоҷикистон ва дастовардҳои он ба миён омадааст, самимона миннатдорам.

Ҳар як чунин имконият – имкони муошират бо марказҳои илмӣ имконияти мубодилаи афкор ва имконият барои тамосҳои нави илмӣ мебошад.

Ба ҳайати таҳририя дар инъикоси воқеият ва илми муосир комёбиҳои эҷодӣ мехоҳам.

Ва ба хонандагон – маводи шавқовару омӯзандаро дар саҳифаҳои маҷаллаи шумо орзу дорам.

 

АКС: «Евразийский юридический журнал»

Суроғаи маҷалла: https://eurasialaw.ru/nashi-rubriki/persona-grata/intervyu-s-emomali-rakhmonom-prezidentom-respubliki-tadzhikistan

Октябрь 5, 2021 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин