Ҳузури мухлисони хориҷӣ дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 манъ аст
ДУШАНБЕ, 10.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи тадорукоти Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 гуфтааст, ки мухлисони чинӣ ба Олимпиада иҷозат дода мешаванд, вале мухлисони хориҷӣ наметавонанд дар маконҳои бозиҳо ҳузур пайдо кунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Кумитаи тадорукоти бозиҳо «Системаи идоракунии ҳалқаи пӯшида»-ро роҳандозӣ хоҳад кард, ки тавассути он ҳама кормандони марбут ба бозиҳо метавонанд танҳо тариқи ҷойҳои таъиншуда тавассути нақлиёти махсус ҳаракат кунанд.
Ҳама дар дохили ин система ҳар рӯз барои COVID-19 озмоиш карда мешаванд.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи байналмилалии паралимпӣ аз нақшаи Пекин-2022, бахусус қабули мухлисон пуштибонӣ кардаанд.
Нашри аввалини «китоби бозиҳо», ки чораҳои муқовимат бо коронавирусро шарҳ медиҳанд, бояд дар охири моҳи октябр сурат гирад, аммо талаботҳои қатъии карантини варзишгарони ваксинанашуда бояд риоя карда шаванд.
Онҳое, ки пурра иммунизатсия карда нашудаанд, бояд пас аз расидан ба Пекин ва пеш аз ворид шудан ба системаи идоракунии ҳалқаи пӯшида, як давраи карантини 21-рӯзаро гузаронанд.
Кумитаи олимпӣ ва паралимпии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аллакай ваксинаи зидди COVID-19-ро барои ҳайатҳои олимпӣ ва паралимпии худ ҳатмӣ кардааст.
Ба варзишгароне, ки бар зидди коронавирус иммунизатсия карда шудаанд, пас аз расидан ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки ба системаи идоракунии ҳалқаи пӯшида ворид шаванд.
Ҳамаи ғайрииштирокчиён бояд дар давоми 21 рӯз пас аз расидан ба Чин, тибқи қоидаҳои мавҷудаи ин кишвар, ки яке аз шадидтарин дар ҷаҳон ҳаст, бояд карантин шаванд.
Сарҳадҳои Чин, асосан баста шудаанд ва як қатор чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои санҷишии Пекин-2022 ва чемпионатҳои ҷаҳон оид ба қайиқронӣ ва таеквондо бекор карда шуданд.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфтааст, ки дар бозиҳо меҳмонони ҳамроҳ иҷозат дода намешаванд, мисле ки дар Токио буд.
Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 аз 4 то 20 феврали соли 2022 ба нақша гирифта шудааст. Бозиҳо аз рӯи 7 намуди варзиш (15 равияи варзишӣ) доир мегардад.
АКСҲО аз КМО Тоҷикистон








Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид






