ВАО-и АФҒОНИСТОН ДАР БОРАИ ЗИЁД ШУДАНИ ТЕРРОРИСТОН ХАБАР МЕДИҲАНД. Мақомоти баландпояи Тоҷикистон инро тасдиқ мекунанд
ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Давлати исломӣ»* аз ҳузури худ дар вилояти Урузгони марказии Афғонистон хабар дод, иттилоъ медиҳанд расонаҳои интернетии маҳаллӣ.
«Парчамҳои сиёҳи ДОИШ* (номи арабии Давлати исломӣ – тавзеҳи АМИТ «Ховар») дар деҳоти мухталифи ноҳияи Деҳ Раҳвуд бештар пайдо шуданд. Маркази ин гурӯҳ дар вулусволи деҳаи Деҳзанг аст, ки созмондиҳандагон аз он ҷо паёмҳои даъвати пайвастан ба ин гурӯҳро паҳн мекунанд. Ба ҳар узви нави ДОИШ* 30 ҳазор афғонӣ кумакпулии яквақта дода мешавад», — гуфта мешавад дар паёмҳо.
Ҳаракати «Толибон»*, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар пасманзари хуруҷи неруҳои эътилоф таҳти роҳбарии Амрико аз ин кишвар ба қудрат расид, то ҳол ин хабарҳоро шарҳ надодааст.
Ёдовар мешавем, ки баъди ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон дар моҳи август дар ин кишвар чанд ҳамлаи хунини террористӣ ба вуқӯъ пайвастанд, ки масъулияти онро ДОИШ* бар уҳда гирифт. Дар ҳамлаҳои ахири террористӣ дар масҷидҳои шиа дар Қундуз ва Қандаҳор беш аз сад нафар кушта ва чандсад нафар захмӣ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дирӯз дар Теҳрон зимни суханронӣ дар нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба мавзӯи таҳдиди террористӣ аз ин кишвар таъкид кард. Вай гуфт, ки ҳоло дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, бахусус дар марз бо Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ афзоиш ёфтааст.
«Ҷалби шаҳрвандони кишварҳои минтақа ба гурӯҳҳои террористӣ, ки дар қаламрави Афғонистон амал мекунанд, моро водор мекунад барои рафъи хатару чолишҳои эҳтимолӣ талошҳои муштарак кунем», — гуфт Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Қаблан Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар маросими пӯшидашавии машқҳои низомии СААД, ки дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдон, дар самти 20-километрии марзи Тоҷикистону Афғонистон баргузор шуд, низ гуфта буд, ки вазъ дар Афғонистон ба амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад.
«Вазъият дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон ба далели идомаи нооромӣ дар Афғонистони ҳамсоя муддати тӯлонист, ки хеле печида ва пешгӯинашаванда боқӣ монда, бо хатарҳои марбут ба зуҳури терроризми байналмилалӣ, ифротгароии мазҳабӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир тавсиф карда мешавад»,-гуфт Вазири мудофиаи Тоҷикистон.
____________________
* Ҳаракати радикалии дар Тоҷикистон мамнӯъ, ки аз ҷониби Шӯрои амнияти СММ созмони террористӣ эътироф шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд






