ВАО-и АФҒОНИСТОН ДАР БОРАИ ЗИЁД ШУДАНИ ТЕРРОРИСТОН ХАБАР МЕДИҲАНД. Мақомоти баландпояи Тоҷикистон инро тасдиқ мекунанд

Октябрь 28, 2021 13:21

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Давлати исломӣ»* аз ҳузури худ дар вилояти Урузгони марказии Афғонистон хабар дод, иттилоъ медиҳанд расонаҳои интернетии маҳаллӣ.

«Парчамҳои сиёҳи ДОИШ* (номи арабии Давлати исломӣ – тавзеҳи  АМИТ «Ховар») дар деҳоти мухталифи ноҳияи Деҳ Раҳвуд бештар пайдо шуданд. Маркази ин гурӯҳ дар вулусволи  деҳаи Деҳзанг аст, ки созмондиҳандагон аз он ҷо паёмҳои даъвати пайвастан ба ин гурӯҳро паҳн мекунанд. Ба ҳар узви нави ДОИШ* 30 ҳазор афғонӣ кумакпулии яквақта дода мешавад», — гуфта мешавад дар паёмҳо.

Ҳаракати «Толибон»*, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар пасманзари хуруҷи неруҳои эътилоф таҳти роҳбарии Амрико аз ин кишвар ба қудрат расид, то ҳол ин хабарҳоро шарҳ надодааст.

Ёдовар мешавем, ки баъди ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон дар моҳи август дар ин кишвар чанд ҳамлаи хунини террористӣ ба вуқӯъ пайвастанд, ки масъулияти онро ДОИШ* бар уҳда гирифт. Дар ҳамлаҳои ахири террористӣ дар масҷидҳои шиа дар Қундуз ва Қандаҳор беш аз сад нафар кушта ва чандсад нафар захмӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дирӯз дар Теҳрон зимни суханронӣ дар нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба мавзӯи таҳдиди террористӣ аз ин кишвар таъкид кард. Вай гуфт, ки ҳоло дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, бахусус дар марз бо Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ афзоиш ёфтааст.

«Ҷалби шаҳрвандони кишварҳои минтақа ба гурӯҳҳои террористӣ, ки дар қаламрави Афғонистон амал мекунанд, моро водор мекунад барои рафъи хатару чолишҳои эҳтимолӣ талошҳои муштарак кунем», — гуфт Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қаблан Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар маросими пӯшидашавии машқҳои низомии СААД, ки дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдон, дар самти 20-километрии марзи Тоҷикистону Афғонистон баргузор шуд, низ гуфта буд, ки вазъ дар Афғонистон ба амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад.

«Вазъият дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон ба далели идомаи нооромӣ дар Афғонистони ҳамсоя муддати тӯлонист, ки хеле печида ва пешгӯинашаванда боқӣ монда, бо хатарҳои марбут ба зуҳури терроризми байналмилалӣ, ифротгароии мазҳабӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир тавсиф карда мешавад»,-гуфт Вазири мудофиаи Тоҷикистон.

____________________

 * Ҳаракати радикалии дар Тоҷикистон мамнӯъ, ки аз ҷониби Шӯрои амнияти СММ  созмони террористӣ эътироф шудааст.

                                                  АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 28, 2021 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст