ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ. Нуқтаи сайёри милитсия ба назди сокинони минтақаҳои дурдасти мамлакат меравад

Октябрь 26, 2021 12:56

ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати  баланд бардоштани сифати хизматрасонии милитсия ба аҳолӣ ҳайати гурӯҳи кории  «Нуқтаи сайёри милитсия оид ба қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар минтақаҳои дурдасти аҳолинишин» ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафари корӣ анҷом дода, бо сокинон вохӯрию сухбат доир менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии мамлакат.

Вохӯрӣ дар Роғун

Аз ҷумла, 18 октябри соли равон  дар доираи ислоҳоти милитсия ҳайати гурӯҳи кории  мазкур ба деҳаи Сайидони  ҷамоати деҳоти Сичароғи  шаҳри Роғун, ки   аз маркази шаҳр  дар масофаи 41 километр дур ҷойгир мебошад, сафар намуданд. Вохӯрӣ  бо  сокинони деҳа дар толори мактаби  №33-и  деҳаи номбурда баргузор гардид.

Нахуст моҳият ва фаъолияти  асосии хизматрасонии Нуқтаи сайёри милитсия ба аҳолӣ фаҳмонида дода шуд. Ҳамчунин ба иштирокунандагон оид ба мавҷудияти  телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ (221-21-21), шуъбаи ВКД ва нозири минтақавии милитсия маълумот дода  шуда, ҷаласаи сайёр бо  ҳисоботи нозири минтақавӣ лейтенанти калони милитсия Саъдӣ Раҳматзода оғоз гардид.

Ҳисоботи нозири минтақавӣ  масъалаҳои вазъи ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила, роҳҳои пешгирии он ва дигар масъалаҳои ба ин самт марбутро  дар бар гирифт.
Баъзе аз иштирокчиёни вохӯрӣ- Хайрулло Шамсуддинов, Сулаймон Розиқов, Давлат Розиқов, Шаъмигул Давлатова Саидмирзо Асроров, Сунат Муродов, Эмомидин Гулов ва Иброҳим Ботиров барои  таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба кормандони милитсия сипос  гуфта, ба ҳайати Нуқтаи сайёри милитсия як зумра  пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, дар мавриди дар ҳолати бисёр ногувор қарор доштани  роҳи мошингарди деҳаашон, ки он ба  шоҳроҳи Душанбе-Рашт мепайвандад ва масофаи  4,5 километрро ташкил медиҳад, изҳори назар карданд. Сокинони деҳаи Сайидон ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун ташкилкунандаи барномаи мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, зикр намуданд, ки чунин иқдом метавонад ба робитаи қавӣ байни аҳолӣ ва кормандони милитсия мусоидат карда, эътимоди онҳоро ба ин ниҳоди қудратӣ баланд бардорад.

Нуқтаи сайёри милитсия ба ноҳияи Ҳамадонӣ сафар кард

23  октябри соли равон  тибқи дастури Вазири корҳои дохилӣ  Рамазон Раҳимзода «Нуқтаи сайёри милитсия оид ба қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар минтақаҳои дурдасти аҳолинишин» ба ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ, ки аз маркази ноҳия 18 км дур ҷойгир шуда, аҳолиаш беш аз 23 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, сафари корӣ анҷом дод.

Дар чорабинии мазкур ёрдамчии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия майори милитсия Шарифзода Х., муовини сардори Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб,  полковники милитсия Амирализода С., муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ подполковники милитсия Юнусов З. ва  нозири минтақавии ҷамаоти Меҳнатобод, инчунин  дигар кормандони масъул ширкат намуданд.

Дар вохӯрӣ раисони маҳаллаҳо, маъмурияти мактаб, фаъолон, хусусан занони фаъоли ҷамаот ва  дигарон иштирок намуданд.

Қабл аз оғози қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон полковники милитсия Амирализода С., майори милитсия Шарифзода Х. вобаста ба ҳадафҳои ислоҳоти милитсия, таъиноти сафар ва фаъолияти Нуқтаи сайёри милитсия, дастовардҳо дар замони истиқлол, хусусан  фаъолияти милитсия дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша намуданд.

Сипас тибқи барномаи вохӯрӣ ҳисоботи нозири минтақавӣ лейтенанти милитсия Авғонов М. шунида шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби кормандони милитсия дар дохили  мошини  махсусгардонидашуда арзу шикоят ва пешниҳодоти шаҳрвандон қабул ва ба қайд гирифта шуданд.

 Суҳбат дар деҳаи Олимободи ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода

Ҳамчунин ҳафтаи сипаригардида дар доираи амалӣ намудани ислоҳоти милитсия ва ба роҳ мондани робитаи қавӣ бо ҷомеа ҳайати гурӯҳи кории «Нуқтаи сайёри милитсия оид ба қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар минтақаҳои дурдасти аҳолинишин»   ба деҳаи Олимободи ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода сафар намуданд.

Деҳаи Олимобод  аз маркази шаҳри Турсунзода дар масофаи 30 километр дур ҷойгир мебошад. Вохӯрии гурӯҳи кории Нуқтаи сайёри милитсия бо аҳолӣ дар майдончаи марказии деҳаи мазкур баргузор гардид. Дар  ҷараёни он  роҳбари гурӯҳи кории Нуқтаи сайёри милитсия, сардори шуъбаи РҲТҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,  полковники милитсия Дилшод Холмуродзода оид ба моҳият ва ҳадафҳои асосии хизматрасонии Нуқтаи сайёр маълумот дод.

Ҷаласа аз рӯи ҳисоботи нозири минтақавии милитсия,  капитани милитсия Абдулло Раҳмонзода дар назди аҳолӣ оғоз гардид.  Маърӯзаи ҳисоботии нозири минтақавӣ оид ба масъалаҳои вазъи ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, холатҳои зӯроварӣ дар оила, роҳҳои пешгирии он ва дигар масъалаҳо аз тарафи иштирокчиён шунида шуд.

Зимни суҳбат шаҳрвандони ин   ҷамоат  Саъдулло Тиллаков, Усмоналӣ Тиллаков, Ҷобир Алимов ва Исломиддин Саидов як зумра  дархосту пешниҳод  намуданд. Аз ҷумла, онҳо оид ба иваз намудани  баъзеи симчӯбҳои қувваи барқи деҳа, ки  дар ҳолати фарсудаву корношоям қарор доранд, инчунин вобаста ба асфалтпӯш кардани  роҳи мошингарди деҳаи Олимобод то деҳаи Деҳвак, ки масофаи он 4 километрро ташкил медиҳад, дархост намуда, баҳри бехатарии роҳгузарон ва ронандагон хоҳиш намуданд, ки  мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии  шаҳри  Турсунзода дар таъмири онҳо мусоидат намояд.

Шаҳрвандон Валиҷон Алиев  ва Тухтасин Ҳамроев муроҷиати хаттӣ намуданд. Онҳо талаб намуданд, ки   нисбат ба  корманди хоҷагии ҷангали шаҳри Турсунзода бо номи «Ҳомидалӣ» чораҳои қонунӣ андешида шавад. Чунки номбурда гӯё, ки аз онҳо ғайриқонунӣ маблағи пулӣ барои ҷарима оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ талаб карда истодааст.

Дар интиҳои вохӯрӣ раиси маҳаллаи  Олимобод шаҳрванд Қосим Шодмонов  аз номи сокинони деҳаи Олимобод ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои чунин хизматрасонӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Аксҳо  аз сомонаи ВКД  ҶТ

Октябрь 26, 2021 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд