39 хонандаи шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалии Анталия соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 9.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. 39 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалии Анталия сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар ин олимпиада хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, география, химия ва биология ширкат варзида, 10 нафар сазовори ҷойи якум, 12 нафар- ҷойи дуюм ва 17 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд, иттилоъ дод сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода ба АМИТ «Ховар».
Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи байналмилалии Анталия аз 31 октябр то 7 ноябр дар Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид, ки дар он 59 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ширкат намуданд.
Ҳамзамон бо назардошти касби ҷойҳои бештари ифтихорӣ аз фанни забони англисӣ ба дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе Ҷоми олимпиада аз фанни забони англисӣ тақдим карда шуд.
Дастоварди навбатии хонандагони пойтахт шаҳодати он аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зери роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт беҳтарин шароити таълиму тадрис фароҳам овардааст. Натиҷаи ин иқдомот ноил гардидан ба дараҷаи баланди сатҳи дониши хонандагон на танҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ғолибону иштирокчиёни олимпиадаи байналмилалиро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва наздикону пайвандонашон бо самимияти хосса истиқбол намуданд.
Хонандагон барои иштирок дар олимпиадаи байналмилалӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» зери роҳбарии омӯзгорони ботаҷриба омода гардида буданд.
Аксҳо аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе










Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






