ҒАЙРИҚОНУНӢ БО ХУД ГИРИФТАНИ СИЛОҲИ САРД ҶИНОЯТ АСТ! Зимни амалиёти шартии «Корд» ду далели қонуншиканӣ ошкор гардид

Ноябрь 27, 2021 09:54

ДУШАНБЕ, 27.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар натиҷаи баргузории амалиёти шартии «Корд» давоми рӯзи гузашта зимни пешбурди корҳои санҷишӣ ду далели бо худ гардонидани силоҳи сардро аз ҷониби ҷавонон муайян намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.

Аз ҷумла, шаҳрванд Мунавваров Убайдулло Зувайдуллоевич, санаи   таваллудаш 1 июни соли 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷаббор Расулов, ки қаблан бо моддаҳои 237 (авбошӣ), 244 (дуздӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир гардид, ки ҳамроҳи  худ корд доштааст.

Ҳамзамон аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Аҳмадҷони Нозими Саидзода, санаи таваллудаш 20 сентябри соли 1998, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дастгир гардид, ки аз ӯ низ як адад корд дарёфту мусодира карда шуд.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба ҳарду дастгиршуда санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарорҳои Суд нисбат ба ҳар кадоми онҳо  ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯзӣ татбиқ карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати пешгирии содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб, махсусан содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт пайваста санҷишу амалиёти дахлдор баргузор карда мешаванд.

 

АКС: РВКД дар ш. Душанбе

Ноябрь 27, 2021 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид