ҒАЙРИҚОНУНӢ БО ХУД ГИРИФТАНИ СИЛОҲИ САРД ҶИНОЯТ АСТ! Зимни амалиёти шартии «Корд» ду далели қонуншиканӣ ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 27.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар натиҷаи баргузории амалиёти шартии «Корд» давоми рӯзи гузашта зимни пешбурди корҳои санҷишӣ ду далели бо худ гардонидани силоҳи сардро аз ҷониби ҷавонон муайян намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.
Аз ҷумла, шаҳрванд Мунавваров Убайдулло Зувайдуллоевич, санаи таваллудаш 1 июни соли 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷаббор Расулов, ки қаблан бо моддаҳои 237 (авбошӣ), 244 (дуздӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир гардид, ки ҳамроҳи худ корд доштааст.
Ҳамзамон аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Аҳмадҷони Нозими Саидзода, санаи таваллудаш 20 сентябри соли 1998, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дастгир гардид, ки аз ӯ низ як адад корд дарёфту мусодира карда шуд.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба ҳарду дастгиршуда санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарорҳои Суд нисбат ба ҳар кадоми онҳо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯзӣ татбиқ карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати пешгирии содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб, махсусан содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт пайваста санҷишу амалиёти дахлдор баргузор карда мешаванд.
АКС: РВКД дар ш. Душанбе








Дар Остона Ҷаласаи XXIII Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии СААД баргузор гардид
Дар Исломобод мулоқоти Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Покистон баргузор гардид
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон қариб 96 фоиз иҷро гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Фархор ва Кӯшониён бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави милитсияи деҳоти Зайнабобод ба истифода дода шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз сатҳи дониш, касбият ва забондонии кормандон вобаста аст»
Дар шаҳри Ҳисор бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ баъди таъмир ба истифода дода шуд
ҲОМИЁНИ НАЗМУ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ. Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил гардид
Рӯзи милитсияи тоҷикро дар Хуҷанд ботантана ҷашн гирифтанд
Дар Бадахшон бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши идона доир шуд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ Рӯзи милитсияи тоҷик ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР – РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон ислоҳоти милитсия идома дорад






