Ҷаласаи якуми гурӯҳи кории «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим» доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим» оид ба натиҷагирӣ ва ҳадафҳои барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва солҳои 2021-2025 дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд, ассотсиатсияҳои соҳавӣ, АМИТ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳузур доштанд.
Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зараффо Қиёмзода доир ба милликунонии ҳадафҳои рушди устувор ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» инчунин сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Исфандиёр Шукуров оид ба «Натиҷагирӣ аз рӯи масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва солҳои 2021-2025» бо рӯнамо маърӯза намуданд.
Оид ба ҳадафу вазифаҳои гурӯҳи кории «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим», ки дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, мушовирону коршиносони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ сухан гуфтанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






