Ҳамон миллате обрӯманд мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя кунад,-бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ
ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қабули Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, воқеан мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд ва ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки «танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯ мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунад, танҳо ҳамон давлате нуфуз пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузоранд».
Ин матлабро имрӯз раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия-санади сарнавиштсоз ва бахтномаи миллати тоҷик» дар ҷаласаи тантанавӣ баён дошт.
Муҳаммадсаид Файзуллозода зикр намуд, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама, аз ғамхорӣ ва пуштибонии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин санади бузурги таърихӣ гувоҳӣ медиҳад.
Зикр шуд, ки тавассути қабули Конститутсия -ин дастоварди олӣ халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарбаландӣ эълон сохт, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ буда, дар роҳи ҳифзи комёбиҳо ва афзоишу таҳкими онҳо пайваста кӯшиш менамояд ва рушди соҳибихтиёрии давлати миллии хешро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи он саъю талош меварзад.
Дар ҷаласаи тантанавӣ сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақсуд Низомӣ аз арзишҳои волои миллӣ ва шоҳкориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлат ва миллати тоҷик ёдрас шуда, иброз дошт, ки Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода ва равшангари роҳи ҳаёти мардум воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин менамояд. Мақсуд Низомӣ китоби тозанашри Вазорати адлияро бо номи «Таҳаввулоти конститутсионии соҳибистиқлол» ба китобхонаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ҳадя намуд.
АКСҲО: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






