Ҷамшед Исоев ва Мутриба Ҳотамӣ ғолиби Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот шуданд

Ноябрь 1, 2021 14:25

ДУШАНБЕ, 01.11.2021  /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 31  октябр  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот миёни мардон ва бонувон доир гардид, иттилоъ доданд аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат ба АМИТ «Ховар».

Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе миёни ҳам рақобат намуданд.

Дар ҷамъбаст ғолибият миёни мардон насиби  Ҷамшед Исоев аз шаҳри Душанбе гардида, ҷойи дуюм насиби  Аъзам Юнусов аз  вилояти Хатлон ва ҷойи сеюм насиби Аҳмад Афзалзода аз  вилояти Суғд шуд.

Миёни бонувон Мутриба Ҳотамӣ аз шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал дониста шуда, ҷойи дуюм насиби Рухшона Саидова аз вилояти Суғд ва ҷойи сеюм насиби
Амина Мазҳабова аз шаҳри Душанбе  гардид.

Дар охир ғолибон  бо  диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Ноябрь 1, 2021 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид