АЗ ДИРАФШИ КОВИЁН ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Сайри таърихию лирикии хабарнигори АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябри соли 2009 бо Фармони Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз идҳои расмии Тоҷикистон — Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ҳар сол 24 ноябр дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин рӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки аз Дирафши ковиёнӣ то Парчами давлатӣ маълумот ҷамъоварӣ намуда, манзури хонандагон гардонад.
Парчами давлатӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст:
- Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
- Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳноии яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудаанд. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.
Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудаанд, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.
Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0, 2-и рахи сафед васл мегарданд.
Прачами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд.
Бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ дар мамлакат 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд.
Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 № 192 мавриди истифода қарор дорад.
Тибқи моддаи 2 ин қонун, Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матои хоси росткунҷаест, ки он аз се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта иборат мебошад: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст.
Даври Ливо ба андозаи 50 мм, бо ресмони зарҳалин дастдўзӣ шуда, бо шилшилаҳо ороиш ёфтааст.
Таносуби бару дарозии умумии Ливо 1:2 аст.
Дар Маркази Ливо тасвири «Дирафши Ковиён» инъикос ёфтааст, ки он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.
Дар қисми болоии «Дирафши Ковиён» найза ҳамчун рамзи ирода ва қудрати ҳифзи Ватан тасвир ёфтааст.
Қисмати чаҳоргонаи «Дирафши Ковиён» — чаҳор қисмати гетӣ буда, рамзи равобити некӣ, дўстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон аст.
Дар дохили «Дирафши Ковиён» чаҳор шохаи марѓула дар даври Хуршед – ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, гардиши замин ва дигар унсурҳои коинот дар атрофи Хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, ваҳдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошад.
Дар маркази «Дирафши Ковиён» Шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерумандӣ ва шукўҳи давлат дар рўи осмони кабуд инъикос ёфтааст.
Дар болои тасвири Шери болдор Тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун асоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, инъикос ёфтаанд.
«Дирафши Ковиён» аз ресмонҳои рангаи зарҳалин дар ҳар ду ҷониби Ливо дастдўзӣ мешавад.
Андозаи «Дирафши Ковиён» 3:5 таносуби Ливо аст.
Дар қисмати болоии чўбдасти Ливо лавҳаи заррин васл мегардад, ки дар он насаб, ном ва номи падари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри муҳлати салоҳияти конститутсионии ў ҳаккокӣ мешавад. ҚҶТ аз 2.01.2018 №1495)
Нўги чўбдасти Ливо шакли гунбази заррин дорад.
Дирафши Ковиён
Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд.
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, парчамҳо таърихи беш аз 3-4 ҳазорсола доранд. Аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони Қадим пайдо шудаанд, ки рамзи истиқлолияту озодӣ ва сулҳу субот мебошанд.
Парчаму дирафш вожаҳои асилу қадимии тоҷикӣ, байрақ вожаи туркӣ, ливо ва алам вожаҳои арабӣ ҳастанд. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ зикр мегардад, ки «Дирафши Ковиён» солҳои зиёд рамзи ифтихори давлатҳои қадимаи ориёӣ — Ҳахоманишиҳо, Ашкониён ва Сосониён будааст.
Дирафши Коваи оҳангар (қаҳрамони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) аз онҷо сарчашма мегирад, ки Кова пешбанди чармини худро бар сари чӯбе баста, ба муқобили Заҳҳоки морон бархост, халқро ба шӯриш даъват намуд ва бар Заҳҳок ғалаба кард. Шоҳ Фариддун он байрақро муқаддас шумурда, бо зару ҷавоҳирот ороста буд ва арабҳо онро ҳангоми истилои Эрон ба ғорат бурданд.
Аз ҷумла, Абулқосим Фирдавсӣ ин дирафшро чунин тасвир карда менависад:
Фурӯ хишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш «ковиёнӣ дирафш».
Миллати тоҷик тӯли таърих миллати парчамдор буд. Дарвоқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш, дар оғоз ливо ҳамчун рамз ё нишони даъват ба муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд, вале он на дар шакли имрӯзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, амал мекард, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ва ё он ҷомеа, амсоли қабила, лашкар, равияҳои динию мазҳабӣ ифода менамуд.
Баъдан бо гузашти вақт парчам тағйир ёфта, шакли ягона ва муқарраршуда гирифт.
Парчамҳои Тоҷикистон дар солҳои 1929-1992
Тоҷикистон 16 октябри соли 1929 ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ табдил ва ба таркиби ИҶШС дохил шуд. Ин парчам 23 феврали соли 1929 пазируфта шудааст.
Бо ҷумҳурии иттиҳодӣ шудани Тоҷикистон ва пазириши Қонуни Асосии нав, парчами он низ дигар шуд ва ин дирафшро 25 феврали соли 1931 сохтаанд.
4 июли соли 1935 парчам дигаргун шуд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам ба забони русӣ навишта шуд.
Соли 1928 алифбои тоҷикиро аз форсӣ ба лотинӣ табдил доданд. Ин дигаргунӣ ба парчам низ таъсир кард. Дар он рӯзгор номи ҷумҳуриро дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии лотинӣ (RSS Tojikiston) ва русӣ (Таджикская ССР) менавиштанд ва дар болои он нишонаи зарини «досу болға»-ро менигоштанд.
Соли 1940 алифбо аз лотинӣ ба кирилии русӣ табдил дода шуд ва парчам низ дигаргун шуд. Ранги он сурх монд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии кирилии тоҷикӣ (ҶШС Тоҷикистон) ва кирилии русӣ (Таджикская ССР) навишта шуд. Дар болои номи ҷумҳурӣ нишонаи зарини «досу болға» нигошта шуд.
Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон порчаи сурхе буд ба андозаи 1:2, ки ду рахи сафед ва сабз дошт. Рахи сафед ду баробар паҳнтар аз рахи сабз буд. Ранги сафед рамзи пахтакорӣ, бунёди санъатии кишвар ва ранги сабз намояндаи дигар маҳсулоти кишоварзӣ буд.
То пазируфта шудани парчами кунунӣ Тоҷикистон парчами пешинаи шӯравиашро бо андак дигаргунӣ, бе ситораи панҷгӯша ва нишонаи коммунистии «досу болға» ба кор мебурд.
Рангҳои парчам ба андозаи зерин буданд: 1:2 сурх, 1:5 сафед, 1:10 сабз, 1:5 сурх.
Мавриди зикр аст, ки шоирони тоҷик дар васфи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шеърҳо эҷод намудаанд, ки қисме аз онҳоро манзури хонандагон мегардонем.
Чист парчам? Ифтихори миллат аст,
Чист парчам? Иқтидори миллат аст.
Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,
Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.
***
Эй парчами умед, то парфишон туӣ,
Дар осмони бахт рангинкамон туӣ.
Сурхии ту яқин сурхии рӯ бувад,
Рӯсурхии абад з-ин обрӯ бувад.
Ранги сафеди ту бахти сафеди мост,
Роҳи сафеди мо, рамзи умеди мост.
Мо бо ту меравем то қуллаи мурод,
Моро чу раҳнамо ҳафт ахтари ту бод!
Эй парчами умед, эй сабз чун чаман,
Аз ранги сабзи туст сарсабзии Ватан.
Аз файзи сояат сарсабзтар шавем,
Чун боғҳои мулк пур аз самар шавем.
Эй парчами умед, эй ном, эй нишон,
Дар осмони бахт кардат кӣ парфишон?!
Бигзор номи ӯ монад дар ин ҷаҳон,
Мисли ту раҳнамо, мисли ту ҷовидон!
***
Рангҳои парчами мо хушҷило,
Тоҷи он мероси кайшоҳӣ бар мо.
Ҳафт ахтар ҳафт бурҷи роҳи нур,
Роҳкушои олами бахту сурур.
Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!
Ранги сабзаш сабз шуд аз ҷони мо,
Ранги сурхаш хуни аҷдодони мо.
Дар сафедияш раҳи бахти сафед,
Мебарад моро ба фардои умед.
Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!
***
Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст,
Қудрати озодагонро авҷи ҳиммат гаштааст.
Ин нишони фатҳи рамзи Ковиёну Рустам аст,
Раҳнамо бар шаҳраҳи авҷи саодат гаштааст.
Офтоби беғубори осмони иттиҳод,
Нурофар то абад, андар ҷаҳони иттиҳод.
Дасти фатҳи родмардонро шиори безавол,
Аз ту ёбад эътибори мо, кунун хатти камол.
Аз ту омад халқи мо бар арсаи сулҳу сафо,
Моявар аз ифтихору ибтикору эътидол.
Ҳуҷҷати сулҳи навини тоҷиконам парчам аст,
Пойдории мақоми ориёнам парчам аст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар» ва манобеи боз