Ба Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ 16 номгӯй маводи дорувории зиддихимиявӣ кумак карда шуд
ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба Маркази миллии ҷумҳуриявии саратоншиносӣ 16 номгӯй маводи дорувории зиддихимиявӣ ба маблағи 1 миллиону 651 ҳазор доллар кумак карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ.
Ин маводи доруворӣ дар доираи ҳамкорӣ бо ташкилоти «Foundation Ameicares» (ИМА) аз ҷониби муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Кумитаи миллӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд, Сафири некӯирода оид ба саратони ғадуди ширӣ Хайринисо Юсуфӣ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ғайридавлатии «Авеста» бо иштироки муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Муҳсин Ғафурзода супорида шуд.
Ҳифзи сиҳатии модарону кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Ғамхорӣ дар ҳаққи наврасону ҷавонон ва таҳти назорат қарор додани вазъи саломатии онҳо метавонад тавлиди насли солимро таъмин намояд.
Вобаста ба ин, аз ҷониби Кумитаи миллӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд дар ҳамкорӣ бо роҳбари Ташкилоти ғайридавлатии «Авеста» Фирӯза Абдуллоева ва шарикони рушд ба 5 таваллудхонаи шаҳри Душанбе маводи дорувории «Сурванта» ба маблағи 100 ҳазор доллар тақдим карда шуд.
Кумитаи миллӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд минбаъд низ дастгирӣ намудани қишри осебпазири ҷомеаро ҳадафи худ қарор додааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ ин ниҳодро яке аз бахшҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон номиданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар низоми ҳифзи иҷтимоии комилан нав ташаккул ёфта, ҳоло дар марҳалаи рушд қарор дорад. Ҳукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёде амалӣ гардонид.
АКС: КИМ ҲХДТ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






