Бахшида ба Рӯзи милитсия дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол оғоз гардид

Ноябрь 5, 2021 10:49

ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи милитсия, ки ҳамасола дар мамлакат 10 ноябр  таҷлил мегардад, дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон байни кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоят мусобиқаи варзишӣ аз  намуди волейбол оғоз  гардид. Дар мусобиқаи мазкур  10 дастаи бозингарон ширкат варзида, барои ишғол намудани ҷойҳои намоён миёни ҳам рақобат менамоянд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии мамлакат.

Тавре манбаъ иттилоъ додааст, беҳтарин бозингарони мусобиқаи варзишии волейбол ва ғолибони мусобиқа, ки ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд,  аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори РВКД дар ВМКБ бо “Ифтихорнома”-ву “Сипоснома”, мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.

Мусобиқаи варзиширо муовини сардори РВКД дар ВМКБ, полковники милитсия Аъзам Толеҳзода  ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки “ҳадаф аз баргузории  чунин бозиҳои варзишӣ такмили тарзи ҳаёти солим буда, баҳри тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсии РВКД дар ВМКБ, ҷалби кормандон ба варзиш ва муайян намудани варзишгарони беҳтарину болаёқат аз рӯи намуди бозии варзишии волейбол роҳандозӣ гардидааст.

Вазорати корҳои дохилӣ дар партави сиёсати пешанамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста дар ин самт чорабиниҳои гуногунро доир менамояд.

Акс аз ВКД ҶТ

Ноябрь 5, 2021 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад