Бо иштироки Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияи Тоҷикобод се муассисаи таълимии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

Ноябрь 5, 2021 15:03

ТОҶИКОБОД, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода  ва дигар меҳмонону сокинон муассисаи таълимии рақами 22-и  деҳаи Бӯстони Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ, муассисаи таълимии рақами 6-и деҳаи Нушори Ҷамоати деҳоти Нушор ва муассисаи таълимии рақами 10-и деҳаи Гулистони  ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин бора  хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад.

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода зимни кушодашавии ин муассисаҳои таълимии замонавӣ сокинони ноҳияро бо 27-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, доир ба тарбияи дурусти фарзандон, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ,  дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба сокинони ҷумҳурӣ ва муҳайё намудани шароити таҳсил барои насли наврас мулоҳизаҳои судманд баён намуд.

Дар ҷараёни ифтитоҳи бинои муассисаи таълимии деҳаи Бӯстон  зикр гардид, ки бинои кӯҳнаи ин муассисаи таълимӣ дар натиҷаи заминларзаи 10 июли соли 2021 пурра ба ҳолати садамавӣ дучор гардида буд. Хушбахтона,  дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳтарин ин муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд. Иншооти муассисаи мазкур аз як ошёна иборат буда, барои 144 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Муассисаи мазкур дорои 6 синфхона, ҳуҷраи кории директор ва хонаи муаллимон мебошад.

То ин дам хонандагони муассисаҳои таълимии деҳаи Нушору деҳаи Гулистони ноҳияи Тоҷикобод дар биноҳои кӯҳнаю фарсудаи садамавӣ таҳсил менамуданд. Хушбахтона, бо дастгириҳои пайвастаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммадюсуф Имомзода хонандагони ин муассисаҳои таълимӣ соҳиби биноҳои замонавӣ гардиданд.  Муассисаи таълимии рақаи 6-и деҳаи Нушор аз ду ошёна иборат буда,  дорои  640 ҷойи нишаст мебошад.  Инчунин муассисаи таълимии рақами 10-и деҳаи Гулистон аз ду ошёна иборат буда, дар он 572 хонанда  ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Муассисаҳои таълимӣ бо синфхонаҳои компютерию компютерҳои замонавӣ таъмин мебошанд. Се муассисаи таълимие, ки имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида, дар онҳо барои гузаронидани зимистони дар пешистода шароити гармидиҳӣ муҳайё мебошад.

Зимни кушодашавии ин муассисаҳои таълимӣ аз тарафи   Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммадюсуф Имомзода ба роҳбарони ҶДММ «Нурофарид Сохтмон” ва ҶДММ «Баракати Сарбанд»  сипосномаҳои Вазорати маориф супорида шуданд.

Ноябрь 5, 2021 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад