Бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 дар Душанбе ҳамоиши серӯзаи омӯзишӣ доир шуд

Ноябрь 20, 2021 09:32

ДУШАНБЕ, 20.11.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Дар Душанбе машварати  серӯзаи омӯзишии «Нақши ВАО дар замони пандемияи COVID-19» барои хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони марказҳои матбуотии вазорату идораҳо доир шуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар доираи Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси COVID-19  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандони ВАО доир ба бемории сироятии COVID-19, роҳҳои дурусти пешниҳоди иттилоот тавассути шабакаҳои ВАО мебошад.

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода доир ба нақши рӯзноманигорон дар давраи пандемияи  COVID-19, вазъи сирояти коронавирус ва маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории мазкур дар Тоҷикистон сухан гуфт. Ҳамчунин мавсуф нақши ВАО- ро дар пешгирӣ ва огоҳонидани аҳолӣ ҷиҳати бемории COVID-19 муҳим ва назаррас арзёбӣ кард.

Дар ҷараёни ҳамоиш дар баробари масъалаҳои муҳофизат аз COVID-19, инчунин масъалаи ваксинатсия низ баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки ваксина яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз паҳншавии эпидемияи COVID-19 на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон мебошад. Аз ин рӯ боварӣ меравад, ки рӯзноманигорон бо пешниҳоди маводи худ ҷиҳати пешгирии COVID-19 кумак менамоянд.

АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

 

Ноябрь 20, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад