Бо ташаббуси КИМ ҲХДТ дар ҷамоатҳои ноҳияи Балҷувон марказҳои ҳунарҳои мардумӣ ифтитоҳ гардиданд

Ноябрь 1, 2021 16:22

ДУШАНБЕ, 01.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои «Сари Хосор», «Тоҷикистон» ва «Сайф Раҳим»-и ноҳияи Балҷувон Маркази ҳунарҳои мардумӣ ифтитоҳ гардида, 15 адад мошинаҳои муосири дӯзандагӣ аз номи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ иттилоъ медиҳад.

Дар Марказ занони хонашин ва камбизоат метавонанд намунаи ҳунарҳои дӯзандагӣ, попурдӯзӣ, гулдӯзӣ, наққошӣ, чакандӯзӣ, атласу адрас, зардӯзӣ, ҷелакдӯзӣ ва тоқиҳои занонаву мардонаро аз худ намоянд.

Мақсад аз кушодани ин марказ дар ноҳияи дурдасти ҷумҳурӣ касбу ҳунаромузӣ барои бонувон буда, бо ин васила пайдо намудани ҷойи кори муносиб мебошад.

Дар расми кушодашавии «Маркази ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳияи Балҷувон муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси ноҳия Маърифат Зоирзода, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Исуф Мирзозода, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон, кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигарон ширкат доштанд.

Дар ҷараёни ифтитоҳи Маркази ҳунарҳои мардумӣ намоиши дастовези бонувони корманд ва маҳсули омодашуда пешкаш гардид. Дар марказ 30 нафар занони хонанишин дар ду баст соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд ва дар назар аст, ки барои омӯзонидани занону духтарони деҳаҳои дурдасти ноҳия курсҳо ташкил мегарданд. Бо дархости шуъбаи маорифи ноҳия марказ ба дӯхтани либосҳои мактабӣ шуруъ кардааст.

Бояд гуфт, ки чунин марказҳо аз ҷониби ҳизб аллакай дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Хуҷанд, Ҳисор, Кӯшониён ва Нуробод ифтитоҳ шудаанд.

Маҳз ба шарофати сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои қадимаи тоҷикон аз нав эҳёву барқарор гардида, нишондиҳандаи фарҳанги пурғановати халқи тоҷик мебошанд.

Бонувони кишвар имконият пайдо кардаанд, ки аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи давлат ва ҳукумат истифода бурда, ҳунари аҷдодии худро рушд диҳанд ва зиндагии хешро пеш баранд.

Дар назар аст, ки чунин марказҳои ҳунаромӯзӣ бо дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар дигар шаҳру навоҳии дурдасти мамлакат низ ифтитоҳ гарданд.

АКСҲО: КИМ ҲХДТ

Ноябрь 1, 2021 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад