Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи «Deloitte & Touche»-ро бозхонд намуд

Ноябрь 29, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 29.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатияш дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Делойт ва Туш» /Deloitte & Touche/-ро  оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ намуд, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

Ин тасмим дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» гирифта шудааст.

Дар асоси  ин қарор иҷозатномаи ҶДММ «Делойт ва Туш», ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ аз 26 декабри соли 2018 дода шудааст, бозхонд карда шуд.

Департаменти назорати бонкӣ уҳдадор гардид, ки дар «Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилоти қарзии молиявӣ» сабти дахлдор ворид намояд.

«Deloitte & Touche» яке аз чаҳор ширкати бузургтарини аудиторӣ дар ҷаҳон буда, намояндагиҳои он дар 150 кишвари дунё, аз ҷумла 9 кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин Гурҷистон ва Украина ифтитоҳ гардидааст. Рисолати ширкати «Deloitte & Touche» хизматрасонӣ дар соҳаи аудит, андозбандӣ, консалтинг ва молияи корпоративӣ  мебошад.

 Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 29, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст