«ДӮЗАХ ДАР РӮИ ЗАМИН». СММ аз сарварони ҷаҳон даъват кард, ки Афғонистонро аз гуруснагӣ наҷот диҳанд

Ноябрь 11, 2021 13:15

ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории СММ Дэвид Бизли аз роҳбарони ҷаҳон хостааст, ки барои ҷилавгирӣ аз гуруснагии фалокатбори зимистони имсола дар Афғонистон тадбирҳои фаврӣ андешанд, гузориш медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Би-би-си.

«Вазъият чунон бад аст, ки шумо тасаввур карда наметавонед. Дар асл, сухан дар бораи бадтарин буҳрони иҷтимоию иқтисодӣ дар рӯи Замин меравад»,-гуфт Дэвид Бизли.

Иқтисодиёти Афғонистон дар остонаи таназзули комил қарор дорад. Вазъиятро пандемияи коронавирус ва хушксолии шадид, ки қисми зиёди зироати кишварро нобуд кард, боз ҳам бадтар намуд. Ин аллакай дуюмин хушксолӣ дар чаҳор соли охир дар Афғонистон аст.

«95 дарсади сокинони кишвар маводи ғизоии кофӣ надоранд ва ҳоло ба 23 миллион нафар гуруснагии шадид таҳдид мекунад. Шаш моҳи оянда фалокатовар хоҳад шуд. Ин кишвар дӯзах дар рӯи Замин хоҳад буд «-гуфт Дэвид Бизли.

Дар Афғонистон ҳаво сард мешавад. Сокинони деҳот барои харидани орде, ки аз ҷониби СММ дар чаҳорчӯби Барномаи умумиҷаҳонии озуқаворӣ пешниҳод шудааст, дар навбати дароз меистанд. Барои миллионҳо нафар дар кишвар ин кумаки башардӯстона ягона роҳи наҷот дар фасли зимистон аст, аммо на барои ҳама кофист. Дар назди Созмони Милали Муттаҳид вазифаи душвор — зиёд кардани захираҳои озуқаворӣ меистад, то ба шумораи зиёди мардуми кишвар, ки дар остонаи гуруснагӣ қарор доранд, кумак расонида шавад.

Ҳаракати тундрави “Толибон”* ҳокимиятро дар Афғонистон моҳи августи соли ҷорӣ пас аз хуруҷи шитобкоронаи неруҳои хориҷӣ ба даст овард. Тағйири қудрат иқтисоди бе ин ҳам осебпазири Афғонистонро, ки қаблан сахт ба кумакҳои хориҷӣ вобаста буд, заифтар намуд. Давлатҳои ғарбӣ кумакҳои худро боздоштанд ва Бонки ҷаҳонию Хазинаи Байналмилалии Асъор маблағгузорӣ ба ин кишварро муваққатан қатъ карданд. Кай онро барқарор мекунанд-маълум нест.

Ҳоло бисёре аз афғонҳо барои харидани ғизо молу мулки худро мефурӯшанд. Маъмурияти толибон низ ба дороиҳои хориҷӣ дастрасӣ надорад, ин маънои онро дорад, ки ба хизматчиёни давлатӣ маош дода намешавад.

Моҳи сентябр дар конференсияи Женева ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пуштибонӣ аз афғонҳо беш аз 1 миллиард доллар ҷудо намуд, ки тақрибан сеяки ин маблағро ба Барномаи умумиҷаҳонии оузуқаворӣ ваъда додааст. Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки барои кумаки ғизоӣ ба Афғонистон моҳона тақрибан 220 миллион доллар лозим аст ва уҳдадориҳои молии феълиро қатрае аз баҳр номид.

 

АКС: bbc.com

Ноябрь 11, 2021 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид