Дар 11 шаҳру навоҳии Тоҷикистон лоиҳаи VOLIP татбиқ мешавад

Ноябрь 17, 2021 10:42

ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар Лоиҳаи VOLIP дар 11 шаҳру навоҳии кишвар аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ)  ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон»  амалӣ гардида истодааст. Чунин зикр шуд зимни ҳамоиши дурӯзае, ки дар БМТ оид ба маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ доир гардид.

Ба АМИТ «Ховар» аз БМТ иттилоъ доданд, ки ҳамоиш дар  доираи татбиқи лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон» ташкил гардид. Дар ҳамоиш  роҳбарияти БМТ, масъулини Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва намояндагони ташкилоти қарзии молиявии кишвар иштирок намуда, татбиқи лоиҳаи VOLIP-ро дар самти беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Муовини Раиси БМТ Фирдавс Толибзода  зикр намуд, ки баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломӣ дар ҷумҳурӣ муайян гардида, барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ шароити мусоид фароҳам омад. -Қабули ин қонун заминаи ташаккул ва рушди фаъолияти бонкии исломиро дар кишвар муҳайё сохт, -афзуд Фирдавс Толибзода.

Зикр шуд, ки ҳадафи лоиҳаи мазкур беҳтар намудани сатҳи некуаҳволӣ тавассути баланд бардоштани саводнокии касбии ҷавонон ва малакаву маҳорати занон, дастгирии молиявии онҳо дар самти таъмин бо шуғли муносиб ва гирифтани даромад, муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати дастрасӣ ба маблағҳо барои қисми осебпазири ҷомеа тибқи принсиҳои маблағгузории исломӣ мебошад. Татбиқи лоиҳа ба рушди бонкдории исломӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои бонкдории исломӣ дар кишвар мусоидат намуда, теъдоди зиёди истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявиро ба хизматрасониҳои бонкдории исломӣ ҷалб менамояд.

Доир ба ҷараёни татбиқи босамари лоиҳаи VOLIP дар Тоҷикистон», ҷалби ҷавонон ба ин барнома, ки ба баланд бардоштани саводнокии молиявии онҳо мусоидат менамояд, табодули назар карда шуд.

Инчунин доир ба раванди амалишавии лоиҳа аз ҷониби БМТ ва ташкилоти қарзии иштирокчии барнома рӯнамо пешниҳод гардид, ки дар он масоили марбут ба таърихи татбиқи бонкдории исломӣ, усулҳои маблағгузории исломӣ дар фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ, истифодаи амалиёти муробаҳа ва салам дар фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ матраҳ шуданд.

АКСҲО: БМТ

Ноябрь 17, 2021 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Раванди татбиқи лоиҳаҳои «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+» ва «Барқарорсозии низоми экологӣ ва устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» баррасӣ шуд
Дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи болобарии нархи семент баррасӣ шуд
Намояндагони Тоҷикистон дар чорабинии Ассамблеяи генералии 93-юми Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот иштирок намуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ ва минтақавӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Ноҳияи Темурмалик нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
Раиси Суди Олии Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот намуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
Пиллапарварони ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2800 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» татбиқ мегардад
Созишномаи маблағгузории лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ ба чорводорӣ» ба имзо расид
Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар самти инноватсия ва зеҳни сунъӣ густариш меёбад