Дар 11 шаҳру навоҳии Тоҷикистон лоиҳаи VOLIP татбиқ мешавад
ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар Лоиҳаи VOLIP дар 11 шаҳру навоҳии кишвар аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон» амалӣ гардида истодааст. Чунин зикр шуд зимни ҳамоиши дурӯзае, ки дар БМТ оид ба маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ доир гардид.
Ба АМИТ «Ховар» аз БМТ иттилоъ доданд, ки ҳамоиш дар доираи татбиқи лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон» ташкил гардид. Дар ҳамоиш роҳбарияти БМТ, масъулини Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва намояндагони ташкилоти қарзии молиявии кишвар иштирок намуда, татбиқи лоиҳаи VOLIP-ро дар самти беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Муовини Раиси БМТ Фирдавс Толибзода зикр намуд, ки баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломӣ дар ҷумҳурӣ муайян гардида, барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ шароити мусоид фароҳам омад. -Қабули ин қонун заминаи ташаккул ва рушди фаъолияти бонкии исломиро дар кишвар муҳайё сохт, -афзуд Фирдавс Толибзода.
Зикр шуд, ки ҳадафи лоиҳаи мазкур беҳтар намудани сатҳи некуаҳволӣ тавассути баланд бардоштани саводнокии касбии ҷавонон ва малакаву маҳорати занон, дастгирии молиявии онҳо дар самти таъмин бо шуғли муносиб ва гирифтани даромад, муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати дастрасӣ ба маблағҳо барои қисми осебпазири ҷомеа тибқи принсиҳои маблағгузории исломӣ мебошад. Татбиқи лоиҳа ба рушди бонкдории исломӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои бонкдории исломӣ дар кишвар мусоидат намуда, теъдоди зиёди истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявиро ба хизматрасониҳои бонкдории исломӣ ҷалб менамояд.
Доир ба ҷараёни татбиқи босамари лоиҳаи VOLIP дар Тоҷикистон», ҷалби ҷавонон ба ин барнома, ки ба баланд бардоштани саводнокии молиявии онҳо мусоидат менамояд, табодули назар карда шуд.
Инчунин доир ба раванди амалишавии лоиҳа аз ҷониби БМТ ва ташкилоти қарзии иштирокчии барнома рӯнамо пешниҳод гардид, ки дар он масоили марбут ба таърихи татбиқи бонкдории исломӣ, усулҳои маблағгузории исломӣ дар фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ, истифодаи амалиёти муробаҳа ва салам дар фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ матраҳ шуданд.
АКСҲО: БМТ










Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд






