Дар Бадахшон доир ба таҷлили арзандаи Рӯзи Парчами давлатӣ машварати назоратӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ- ин эҳтиром намудани Ватану модари худ буда, он пеш аз ҳама, муаррифи нангу номус, шарафу иқбол ва номи бузурги давлату миллат аст, аз ин рӯ дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ин санаи фархунда барои ҳамаи муассисаҳову идораҳои давлативу ғайридавлатии ҳудуди вилоят ва насби ин муқаддасоти миллӣ дар бинову иншоот баҳри пос доштани арзишҳои миллӣ заминаи воқеӣ мегузорад. Ин нуктаро иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зимни машварати назоратӣ иброз намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад, дар машварати назоратии назди и.в Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот инчунин масъалаҳои ҷараёни иҷрои қарори Раиси ВМКБ оид ба нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии Бистсолаи омӯзиш ва рушди фаннҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф барои солҳои 2020-2040, рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва масъалаи таҷлили арзанда аз Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, баҳри пешбурди фаъолияти минбаъда дар самтҳои мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Алишер Мирзонабот ҷиҳати таъсис додани утоқҳои фаннии сикли табиӣ-риёзӣ дар 313 муассисаи ҳудуди вилоят ба масъулини соҳа супориш дод, ки нақшаи муайяни фаъолиятро дар доираи имконияти мавҷуда ва ҷалби соҳибкорону шарикони рушд таъсис дода, корро дар ин самт ҷоннок намоянд.
АКС: МИҲД-и ВМКБ








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






