Дар Бадахшон имтиҳонҳои озмоишии Маркази миллии тестӣ оғоз ёфтанд

Ноябрь 9, 2021 11:11

ХОРУҒ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Чанд рӯз қабл хонандагони муассисаҳои шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Мактаби Президентии маркази вилоят имтиҳонҳои  озмоишӣ супориданд. Хонандагони ноҳияҳои дури вилоят имтиҳонҳои озмоиширо дар маҳали зисташон месупоранд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Баргузор кардани имтиҳоноти тестӣ ба таври озмоишӣ яке аз хизматрасониҳои нави Маркази миллии тестӣ буда, ҳадафи он аз наздик шинос намудани хатмкунандагон бо тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, дарки масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ ва шинос шудан бо таркиби саволу масъалаҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта таҳти унвони «Худро бисанҷ» барои довталабон хизматрасонии нав роҳандозӣ намуд, ки тавассути он довталабон ҳам бо тарзу усули имтиҳоноти тестӣ шинос мешаванд ва ҳам донишу маҳорати худро месанҷанд,

Ба гуфтаи намояндаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шаҳтут Хоников, “имтиҳонҳои озмоишӣ соли гузашта дар се шаҳру ноҳияи ВМКБ  доир гардиданд, аммо имсол хатмкунандагони ҳамаи ноҳияҳои вилоят дар  он ширкат меварзанд. Таҳияи варақаҳои посухҳо дар Маркази миллии тестӣ ба таври автоматӣ гузронида шуда, натиҷаи он ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҳар иштирокчӣ фиристонда мешавад”.

Соли ҳаштум аст, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хизмати довталабон буда, барои ширкати фаъолонаи онҳо дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаву олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзёбии одилонаи донишу малакаи довталабон имконоту шароити мусоид фароҳам меорад.

АКС:АМИТ «Ховар»

Ноябрь 9, 2021 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд