Дар Бадахшон имтиҳонҳои озмоишии Маркази миллии тестӣ оғоз ёфтанд
ХОРУҒ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз қабл хонандагони муассисаҳои шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Мактаби Президентии маркази вилоят имтиҳонҳои озмоишӣ супориданд. Хонандагони ноҳияҳои дури вилоят имтиҳонҳои озмоиширо дар маҳали зисташон месупоранд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Баргузор кардани имтиҳоноти тестӣ ба таври озмоишӣ яке аз хизматрасониҳои нави Маркази миллии тестӣ буда, ҳадафи он аз наздик шинос намудани хатмкунандагон бо тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, дарки масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ ва шинос шудан бо таркиби саволу масъалаҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта таҳти унвони «Худро бисанҷ» барои довталабон хизматрасонии нав роҳандозӣ намуд, ки тавассути он довталабон ҳам бо тарзу усули имтиҳоноти тестӣ шинос мешаванд ва ҳам донишу маҳорати худро месанҷанд,
Ба гуфтаи намояндаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шаҳтут Хоников, “имтиҳонҳои озмоишӣ соли гузашта дар се шаҳру ноҳияи ВМКБ доир гардиданд, аммо имсол хатмкунандагони ҳамаи ноҳияҳои вилоят дар он ширкат меварзанд. Таҳияи варақаҳои посухҳо дар Маркази миллии тестӣ ба таври автоматӣ гузронида шуда, натиҷаи он ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҳар иштирокчӣ фиристонда мешавад”.
Соли ҳаштум аст, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хизмати довталабон буда, барои ширкати фаъолонаи онҳо дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаву олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзёбии одилонаи донишу малакаи довталабон имконоту шароити мусоид фароҳам меорад.
АКС:АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






