Дар Бохтар доир ба сайёҳии ҷамоавӣ ҳамчун самти афзалиятноки рушди соҳа дар Тоҷикистон машварат доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Сайёҳии ҷамоавӣ* ҳамчун самти афзалиятноки рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти ин унвон 11 ноябр дар шаҳри Бохтар машварати омӯзишӣ доир гардид.
Ҳамоиш бо ташаббуси шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ташкил гардида, дар он намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони гуногункасб иштирок намуданд.
Дар машварат муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода ба таври маҷозӣ тариқи барномаи Zoom дар бораи вуҷуд доштани имконияти бештари сайёҳӣ, тиҷоратигардонӣ ва тарғиби анъанаҳову ҳунарҳои мардумӣ сухан гуфт.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон саволу ҷавоб намуда, пешниҳодҳои худро дар мавриди баланд бардоштани саёҳати ҷамоавӣ манзур намуданд.
АКСҲО аз шуъбаи рушди сайёҳии МИҲД-и Хатлон
*Сайёҳии ҷамоавӣ як намуди сайёҳиест, ки дар он сокинони маҳаллӣ бо бунёди меҳмонхонаҳои хурд, дӯкону мағозаҳои фурӯши ҳунарҳои дастӣ, нигораҳо ва армуғонҳои миллӣ нақши муассир мегузоранд.










Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид






