Дар доираи Лоиҳаи «Рушди таҳсилотӣ олӣ» бо мақсади беҳтарнамоии таълим ва сифати таҳсилоти олӣ машварати омӯзишӣ доир шуд

Ноябрь 23, 2021 13:23

ДУШАНБЕ, 23.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар Маркази инноватсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо мақсади дастгирии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо таҷҳизоти иттилоотию коммуникатсионӣ ва лабораторӣ дар доираи Лоиҳаи «Рушди таҳсилотӣ олӣ» машварати омӯзишӣ гузаронида шуд, хабар доданд ба АМИТ  «Ховар» аз донишгоҳи мазкур.

Дар кори машварат роҳбарони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Лоиҳаи  «Рушди таҳсилоти олӣ» ва  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат иштирок намуданд.

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода оид ба масъалаҳои раванди татбиқи лоиҳаҳои грантӣ, натиҷаҳои он, беҳтар намудани фазо ва сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳою озмоишгоҳҳо бо технологияи муосир ва  инноватсионӣ изҳори назар намуд.

Ҳамоҳангсози лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» Ҳалимҷон Саидзода ҷиҳати иштироки маъсулини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар таҳқиқот оид ба пайгирии хатмкунандагони ба шуғл тавсияҳо пешниҳод намуд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ», ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардидааст, даври амалисозии фаъолияти нав ҷиҳати дастгирии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ва технологияҳои иттилоотӣ оғоз гардид.

Тибқи он муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ то 20 декабри соли 2021 дархостҳои худро ҷиҳати дастрас намудани таҷҳизоти таълимӣ вобаста ба талаботи воқеӣ ва мувофиқат ба барномаҳои таълимии насли нав бояд ба озмун пешниҳод намоянд.

 АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Ноябрь 23, 2021 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид